ҶАБРИ УСТОД БЕҲ ЗИ МЕҲРИ ПАДАР

Муаллим чароғи раҳнамо ва ҳидоятгари башарият дар ҳар давру замон ба роҳи дурусту растагорӣ аст. Аз ин ҷост, ки аҳли хирад мардумро ба пос доштани қадру манзалати муаллим даъват намуда, ӯро падари маънавӣ ва ҳаққашро аз падар беш медонистанд:

 

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

 

Устод касест, ки дар симои ӯ омӯзандаи ҳама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеъдодро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар, мо метавонем устодро мураббӣ ва роҳнишондиҳандаи кулли корҳои хайр бигӯем.

 

Бояд ёдовар шуд, ки ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду дастовард безаҳмат, бемашаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасад. Инсон даме, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, албатта бо як ҳусну истеъдоди Худовандӣ тавлид мешавад, аммо худ танҳо бе сарварӣ, бе роҳнишондиҳӣ ва бе устоде соҳиби мақому мартабае шуда наметавонанд. Тавре гуфтаанд:

 

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

 

Дар ягон давру замон қадр, манзалат ва бузургии одамони дастгир, устодон ва роҳнишондиҳандагон аз байн намеравад. Онҳо ҳамеша чун устоди бузург ва ситораҳои дурахшони ҳаёт мӯътабар ва зинданом буда, ҷамъият ба онҳо ниёз дорад.

 

Оре, устодон ҳамеша зиндаёданд ва дар ҳар як лаҳзаи ҳаёт ба хотир оварда мешаванд, зеро пойдории ҳаёти кас ба устодон – нишондиҳандагони роҳу равиш, касбу камол ва роҳнамоёни зиндагӣ вобастагӣ дорад:

 

Устод агар набошад, ақле ба cap набошад,

Дар боғи зиндагонӣ, гарди самар набошад.

Бе роҳнамою роҳбар, дар ин ҷаҳони бесар,

Пойи равон набошад, нури басар набошад…

 

Шахсияте, ки дар зиндагии хеш ҳунари худро ба касе намеомӯзонад, яъне шогирде тарбия наменамояд, дарахти бесамареро мемонад, ки беманфиат аст. Анъанаи неки мардумӣ омӯзонидани ҳунарҳои воло ба насли ояндаи миллат аст, ки фардои дурахшони ҳаёт аз он сахт вобастагӣ дорад. Зиндаёд будани номи бузургон маҳз тавассути ҳунари воло, дастранҷи зебо ва шогирдони баркамол сурат мегирад.

 

Аз ин хотир, ҳар кӣ хоҳад дар оянда соҳиби илму ҳунар гардад ва мавриди эҳтиром қарор гирад, бояд, пеш аз ҳама, хидмат ва эҳтироми устодро ба ҷо орад. Зеро, аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хосае қоил буданд.

 

Ин гуна ҳақшиносӣ буд, ки гузаштагон оламро бо илму дониш мусаххар карданд, зеро бе мураббӣ наметавон ҳарфе омӯхт, дониш андӯхт, ба ҷойгоҳи баланд расид:

 

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта – рафта чарх оламгир кард.

 

Миллати тоҷик имрӯз низ ба муаллим арҷ мегузоранд, ӯро сабаби рушду тараққии инсону ҷомеа медонанд, зеро аз бузургон шунидаанд, ки:

 

Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

 

Аз ин ҷост, ки омӯзгорӣ касби ниҳоят мушкил аст. Гуфтору рафтори некро талқин намудан, илму донишро ба тифле, ки аз олами маънӣ хабар надорад омӯхтан, инсон сохтану ба сӯи камолу ҷамол ҳидоят намудан саҳл нест, зеро:

 

Расад ҷон бар лаби бечора устод,

Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.

 

Бинобар ин, вақте устод шогирди ба ҷон парвардаро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самар додааст. Аз нафаре шоире, олиме, соҳибкасбе тарбия намудааст.

 

Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгор омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омада бошанд ҳам, мардона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштаанду мегузоранд.

 

Дар охир ба ҳайси хулоса якчанд гуфтаҳои бузургонро дар васфи муаллим меорем:

 

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад. Эмомалї Раҳмон

 

Муаллим, то даме, ки зиндааст, мехонад: Ҳамин ки аз хондан бозмонд, симои муаллимиаш низ барҳам мехӯрад. К. Д. Ушинский

 

Муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагонаш гардад. Д. И. Менделеев

 

Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт. А. С. Макаренко

 

Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошад. Омӯзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ӯ қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некӯ гардонад. Ҳеҷ ибодате беҳтар аз муаллимӣ нест. Ҳусейн Мазоирӣ

 

Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар. Аҳмади Дониш

 

Махфирати ДИЛОВАРШО,

ассистенти кафедраи дипломатия ва

муносибатҳои байналмилалии

факултети дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи