ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАНД

IMG_4663

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳимми пешбарандаи иқтисоди буда, истифодаи васеи техналогияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд, ба пурагӣ таъмин созанд. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қишри ҷомеа диққати авалиндараҷа медиҳад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ дар асоси истифодаи техналогияҳои комуникатсиони, донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри пешбурд ва рушду инкишофи хоҷагии халқ ҷонибдори менамоянд. Тавре, ки Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайваста таъкид менамоянд:“Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд”.

 

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар қайд гардид: “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин бошанд”.

 

Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовари ба он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

 

Қобили зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба ҷойгоҳ ва нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангиву иҷтимоии мамлакат баҳои баланд дода, аз ҷумла 21майи соли 2021 зимни вохӯри бо ҷавонони кишвар чунин гуфтанд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

 

Ин суханон ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозанд, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли истиқлол, ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.

 

Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ саъю кӯшиш доранд. Зеро дастгириву ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат дар ҳаёти ҷавонони кишвар як раванди бесобиқа аст.

 

Беҳрӯз БОРОНОВ,

муовини декан оид ба корҳои

тарбиявии факултети дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи