ҶАВҲАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА НОМУСИ ВАТАНДОРӢ

Одилҷон-Бобозода-2-1024×683

Истиқлол тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо ба шумор меравад. Бешак, Истиқлол ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшида, ба сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ташаккулу такомули ғоя ва андешаи миллӣ, инчунин фарҳангу маънавиёти қадимии миллати мо асос гузошт.

 

Яке аз сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳон Нелсон Манделла гуфта буд: “Ақлҳое, ки қасос мехоҳанд, давлатро вайрон мекунанд, ақлҳое, ки ба мусолиҳа мекӯшанд, миллатро эҷод мекунанд”. Ин суханони пурҳикмат баёнгари онанд, ки дар таърихи башарият будаанду ҳастанд марҳалаҳое, ки бархе неруҳо дар кишвар мекӯшанд, миллатро ба парешониву саргардонӣ кашанд ва толеи мардуми он сарзамин аст, агар фарде ба миён ояду мардумро ба андешаву ақли солим, баҳамоӣ муросову мусолиҳа роҳнамоӣ кунад.

 

30 соли соҳибистиқлолӣ ва роҳе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипарӣ намуданд, ба таври эътимодбахш собит сохт, ки мардуми тоҷик аз ибтидо истиқлолхоҳу сулҳдӯст буда, бо сарварии ин шахси доно ва заковатманд метавонад пояҳои давлати соҳибистиқлоли худро пойдор гардонад, ба музаффариятҳои бузург ноил гардад, дар байни кишварҳои пешрафтаву мутараққӣ мавқеи арзандаи худро ишғол намояд.

 

Роҳи созандаву бунёдкоронае, ки миллати сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони соҳибистиқлолӣ тай намуд, мактаби бузурги давлатории навини миллиро ба ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ сохт. Заминаҳои давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёрро таҳким бахшид, қудрату нерумандии давлатро ба миён овард ва дурнамои самтҳои рушди минбаъдаи ҷомеаро барои наслҳои оянда муайян намуд.

 

Имрӯз рушду нумӯи давлати мо аз ҳар самте, ки нигарем, бо касби истиқлол пайванд мебошад ва дар заминаи ғояи муқаддаси истиқлолу озодӣ ҳадафҳои бунёдии ҷомеаи навинамон амалӣ мешаванд.

 

Дар ин айём Тоҷикистон дар ҷаҳони пуртазоди муосир бо ҳифзи вижагиҳои милливу таърихии халқ роҳу равиши хосса ва бесобиқаву нотакрори худро дарёфт, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои ҳокимияти давлатиро таҳким бахшид ва самтҳои ҷараёни инкишофро муайян намуда, бунёди ҷомеаи озоду адолатпарварро ҳадафи олии миллату давлат қарор дод.

 

Истиқлол имкон фароҳам овард, ки инсон ва ниёзмандиҳои он дар меҳвари сиёсати дохиливу хориҷии давлат қарор гирифта, бо истифода аз ақидаҳои инсонгароёна ва гуманистии мутафаккирони гузашта дар омезиш бо ақидаҳои муосиру пешрафтаи умумибашарӣ сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон аз ҷиҳати муҳтаво боз ҳам ғанитар гардад. Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тамоми ҳастии худро барои пойдории истиқлоли комил, сулҳу субот ва рушду нумуи давлат бахшида, зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии Истиқлоли давлатӣ зикр доштанд, ки “Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад”.

 

Имрӯз пояҳои муаззами истиқлолу озодӣ, ки ибтидои давлату давлатдории навин ва рамзи олии Ватану ватандории мо мебошанд, устувор буда, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва мустаҳкам гардидани ғояҳои муосири давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши муҳим доранд.

 

Пӯшида нест, ки фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии захираҳои табиӣ дар ҷаҳон ва минтақа метавонанд сабаби ба хатару таҳдидҳои ҷиддӣ дучор гардидани Истиқлоли давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ шуда, омилҳои бунёдкунандаи нооромӣ ва бесуботӣ дар кишварҳои алоҳида бошанд.

 

Бо дарназардошти ин хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир масъалаҳои таъмини ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намудаанд ва ҳар як шахси худогоҳу худшиноси мамлакат, хусусан ҷавонон бояд масъулияти ҷиддиро дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ба зимма дошта бошанд.

 

Пояҳои истиқлолу ягонагӣ ва иттиҳоду ваҳдати миллиро бояд ҳар яки мо чун шоҳсутунҳои ҳастии миллат, ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми анъанаву суннатҳои фарҳанги миллӣ ва гавҳари бебаҳо нигоҳ дорем. Зеро эҳёи суннaтҳои дaвлaтдории миллӣ, эҳтиром вa aрҷгузорӣ бa тaърих, зaбон, фaрҳaнг, дину мaзҳaби aҷдодӣ вa дигaр aрзишҳои миллӣ дaр aмри тaҳкими истиқлоли ғоявии кишвaри соҳибистиқлоли мо иқдомҳои муҳимми бунёди дaвлaтсозии миллӣ мaҳсуб меёбaнд.

 

Мусаллам аст, ки яке аз омилҳои расидан ба қадри истиқлол ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ нишонаи имондорӣ буда, ҳар як фард бо анҷом додани қарзу рисолати фарзандӣ дар назди миллат ва давлати худ сарбаланд мемонад.

 

Соҳибистиқлол шудан, мустақилият ба даст овардан, дар ҳақиқат, шарафу номуси ватандорӣ аст. Имрӯз Тоҷикистони моро нахуст бо иқдомҳои шоистаи миқёси ҷаҳонии Сарвари давлаташ, бо неруи тавонои илму дониши фарзандони арзандааш, бо ҳунарҳои волои мардумонаш, бо анвои меваҳои шаҳдбору сабзавоти тару тозаи биҳиштиаш, бо хушкмеваҳояш, бо маҳсулоти саноатии истеҳсоли худиаш, бо мавзеъҳои аҷоиби сайру саёҳатбобаш ҳамчун як кишвари зебову биҳиштосои дорои обҳои мусаффо, мардумонаш боҳунару меҳмоннавоз мешиносанд ва бо давлати мо муносибату равобити дӯстиву ҳамкорӣ меҷӯянд. Ҳамагон шоҳидем, ки сокинони мамлакат ҷонибдори сиёсати сулҳпарварона, ободгарову бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат мебошанд ва ҳар иқдомро бо хоҳиши том дастгирӣ менамоянд.

 

Бигзор Ватани мо обод, осуда, поянда ва хуршеди истиқлол ҷовидон нурафшонӣ кунад!

 

Одилҷон БОБОЗОДА,

сардори раёсати кадрҳо, коргузорӣ

ва корҳои махсуси Академия

Похожие записи