ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

IMG_6404

3 июни соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи “Одоби муоширати расмӣ”, ки барои нозирони мизи ҳарбии бақайдгирии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти минтақаи Бохтари вилояти Хатлон доир гардид, ҷамъбаст шуд.

 

Зимни ҷамъбасти курс ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аҳмадзода Зулфия Кабир, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ғанизода Ибодат Ғанӣ ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 

Ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аҳмадзода Зулфия Кабир бори дигар шунавандагони курсро ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки донишҳои дар рафти курси такмили ихтисос азбарнамудаашон дар рафти фаъолияти меҳнатӣ судманд хоҳанд буд.

 

Ёдовар мешавем, ки курси мазкур 3 рӯз идома ёфта, онро 75 нафар хатм карданд.

 

Дар анҷоми курс дар мавзӯи “Одоби муоширати расмӣ” мизи мудаввар баргузор гардида, суолу ҷавоб ва мубодилаи андешаҳо сурат гирифт.

 

Ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома супорида шуд.

Похожие записи