ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯ

IMG_4684

Шуруъ аз 18 октябр то 6 ноябри соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Федератсияи волейболи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол байни устодону кормандон барои дарёфти “Ҷоми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

 

Дар мусобиқа 12 даста аз ҳисоби устодону кормандони Академия иштирок намуда, дастаҳои беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

 

Ҳамин тавр, 8 ноябр даври ҷамъбастии мусобиқаи мазкур доир гардида, ғолибон муайян карда шуданд. Дастаи волейболбозони Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия соҳиби ҷои аввал, дастаи факултети идоракунии давлатӣ соҳиби ҷои дуюм ва дастаи раёсати корҳои тарбиявӣ соҳиби ҷои сеюм дониста шуданд.

 

Бояд гуфт, мусобиқаи мазкур дар асоси нақша-чорабиниҳои Академия барои дарёфти “Ҷоми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 30 – солагии солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Рӯзи қабули Конститутсия баргузор гардида, ғолибони мусобиқа бо “Ҷоми Академия”, Диплом ва мукофоти пулӣ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

 

Инчунин, дар ин рӯз бахшида ба солгарди Рӯзи милитсияи тоҷик, ки ҳамасола дар кишвар ботантана таҷлил мегардад, дастаи яккачини Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастаи яккачини Академияи Вазорати Корҳои Дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозии дӯстона доир намуданд.

 

Аксҳо

Похожие записи