ҶАНБАҲОИ ГЕНДЕРИИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

photo_2021-11-10_09-19-54

Таҳти ин унвон 9 ноябри соли 2021 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон курси сайёри такмили ихтисос барои мутахассисони шуъба (бахш)-и кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шуруъ гардид.

 

Дар маросими ифтитоҳи курс ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аҳмадзода Зулфия Кабир ва роҳбари дастгоҳи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ  ширкат варзиданд.

 

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдухалил Ғафурзода зимни ифтитоҳи курс иброз дошт, ки давлат иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад. Кафолатҳои амалигардонии ин раванд тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар сурат мегирад. Ҳоло дар Маҷлиси миллӣ 8 нафар зан (25,8%) ва Маҷлиси намояндагон 15 зан (23,8%) ҳузур доранд, ки дар қиёс бо парлумони қаблӣ 4% зиёданд ва саҳми онҳо дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе – 41,5, вилоятҳои Хатлон – 35, Суғд – 33, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 34 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30%-ро ташкил мекунад. Аз 19 ҳазору 210 хизматчии давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

 

Дар ҷараёни курс шунавандагон перомуни масъалаҳои назариявӣ ва амалии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, кафолату имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ, масъалаҳои гендерӣ дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавононо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷанбаҳои гендерии рушди фаъолияти соҳбикорӣ ва ҳуқуқи дастрасии занон ба замин, мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ, низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин иттилоъ хоҳанд гирифт.

 

Дар фарҷоми курс ба шунавандагон пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома тақдим мегардад.

Аксҳо

Похожие записи

Оставьте нам комментарий