ҶАҲОН БЕ ДӮСТ МАЪНОЕ НАДОРАД…

Носиров Ҳ

Бар асари ситезаҳо, дар ҳама давру замон ва дар ҳама кишварҳо сарвати гаронтарин ва арзишу дороии инсон дӯст маҳсуб мегардад. Дар интихоби дӯст ҳамеша мо бояд эҳтиёт кунем ва дар оини дӯстӣ содиқ бошем.

 

Бо овардани ин иқтибос мақсад гузоштам қалам ба даст гирам ва аз давраҳои зиндагонии тиллоии начандон дур дар ҳадди қобилияти зеҳнӣ, аз уқёнуси зиндагӣ як қатра ёдовар шавам ва зиёдашро барои таҳлил ва хулосаҳои минбаъдаи замон вогузор намоям.

 

Маънии дӯст, рафиқи меҳрубону дилсӯз, мӯнису ғамхор, ҳамфикру ҳамроз ва шахси аз ҳама наздиктаринро ифода мекунад. Аз қадимулайём бузургон, адибону донишмандон дар панду гуфторҳои хеш дӯст ва дӯстиро ситоиш намудаанд:

 

Завқи ҷаҳон надорад бе дӯст зиндагонӣ,

Бедӯст зиндагонӣ завқи ҷаҳон надорад.

 

Дар ҳақиқат бе дӯстони ҷонӣ зиндагӣ кардан мушкил аст. Дӯсти ҷонӣ ғамро дур ва дилро шод мегардонад. Дӯсти хуб ганҷи бузург аст. Аз ин ҷост, ки танҳо бо одамони хубу доно дӯстию рафиқиро бояд ба роҳ монд. Мисраъҳои зер ҳамин маъниро ба мо таъкид мекунанд:

 

Дӯстон се навъанд гар бидонӣ,

Забониянду нониянду ҷонӣ.

Ба нонӣ нон бидеҳ, аз дар биронаш,

Навозиш кун ба дӯстони забонӣ

Вале дӯстони ҷониро нигаҳ дор,

Ба ҷонаш ҷон супор гар метавонӣ.

 

Ҳақ ба ҷониби бузургон ва гузаштагони мо мебошад, ки дӯстонро санҷида аз таҷрибаи рӯзгорашон моро огоҳ намудаанд, ки дар куҷо ва чи хел бояд шинохт.  Дӯстро дар сахтӣ ва мусибат шинохтан беҳтар аст, чунки дӯсти ҷонӣ соябони сар ва дар мусибат ғамгусор хоҳад шуд.

 

Зиндагӣ бо дӯсти ҷонӣ гуворо мегардад. Чун дӯстӣ ҷони ғамро аз дил мебарад. Ва зарур ҳам ҳаст, ки дӯстиро бо касе кунем, ки дар вақти мусибат мададгори мо гардад:

 

Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,

Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.

 

Мегӯянд, “бародар хуб аст, лекин дӯст беҳтар”. Хушбахт онест, ки дӯсти зиёд дорад ва бадбахт онест, ки дӯст надорад. Кӯшиш намоем, ки дӯстонамон чун дӯстони ҷонӣ ҳамеша бо мо содиқ бимонанд. Дар урфият мегӯянд, ки дӯстон оинаи якдигаранд. Аз ин рӯ, айби дӯстонро мо бояд ба рӯяшон бигӯем ва барои ислоҳашон бикӯшем. Ба дӯстон ҳамеша ҳалиму меҳрубон бошем. Дӯстони нав ҷуста, дӯстони куҳнаро гум накунем. Чунки дӯсти санҷида дӯсти накӯ аст.

 

Нисбат ба дӯст дурандеш ва мулоҳизакор бошем, ки мабодо дӯстро дӯшман нагардонем. Бидонем, ки дӯстони ҷонӣ ҳарчанд кам бошанд ҳам, дар вақти мусибат мададгори мо мешаванд.

 

Аз гуфтаҳои боло хулоса кардан мумкин аст, ки он дӯстеро, ки дар хурсандии мо шарик асту аз бахти мо меболад ва аз ғаму ғуссаи мо мегиряд, ба қимати ҷон бояд ҳифз кунем. Бидонем, ки ӯ дӯсти вафодори мост. Барои чунин дӯст ҷонро фидо кунем:

 

Ҳасан НОСИРОВ,

магистранти Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий