АИДНПҶТ. 4 НАФАР ҒОЛИБИ ОЗМУНИ  “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

фуруғ-1

Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 20 то 23 октябри соли 2020 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар соли 2020, аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор гардид.

 

Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону магистрантон ва донишҷӯён аз рӯи чор номинатсия фаъолона иштирок намуданд.

 

Боиси ифтихор ва хурсандист, ки аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар иштирокчиён сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла Маликшоева Шоҳбегим Хайруллевна – сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе аз рӯи номинатсияи “Шоирӣ” сазовори ҷои якум гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 9450 сомонӣ, Мӯминов Мустақим Абдувакилович – магистранти курси 2-юми ихтисоси менеҷменти сиёсӣ, миёни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва  олии касбӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик” сазовори ҷои дуюм гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 6840 сомонӣ, Аминов Исмоил Фурқатович – донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ, миёни хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва  олии касбӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосир тоҷик” сазовори ҷои сеюм гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва Сафарова Шоҳина Бахтиёровна – донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ, миёни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва  олии касбӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон” сазовори ҷои сеюм гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

 

Диплом ва мукофотпулиҳоро 29 октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасон”- и шаҳри Душанбе муовини раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода барои ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тақдим намуд.

 

Аксҳо