АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ХУДШИНОСӢ

Таърихи ташаккул ва таҳаввули инсоният боиси пайдоиши садҳо миллату халқиятҳо гардидааст. Ҳар як миллат таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва расму оини худро дорад ва дар заминаи он инкишоф меёбад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахс аст, ки дар шинохти миллати худ оҷиз набошад, аз шебу фарози роҳи таърихии тайкардаи ӯ комилан огоҳ бошад, миллати худро ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ ва ҳам аз ҷиҳати ботинӣ шиносад. «Барои мо худшиносӣ дар тарозуи замон баркашидани бурду бохтҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муайян намудани дурнамои оянда ва ҳадафҳои созандагӣ мебошад.

 

Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамоӣ карда, бароямон роҳи душвори пешрафти оянда, кору пайкори навбатии давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро осонтар мегардонад. Худшиносӣ насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастовардҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад».

 

Имрӯзҳо бо ташаккул ёфтани равандҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир сатҳи худшиносии миллии ҷавонон аҳамияти хосаро касб менамояд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бисёре аз арзишҳои аслии инсонӣ аз байн рафта, ҷойи онҳоро арзишҳое мегиранд, ки сунъию сохта ва фалаҷкунандаи мафкура, фарҳанг ва ахлоқ мебошанд. Ин раванд боиси коста гардидани сатҳи худшиносии миллии мо гардида, дар ин замина барои пойдории давлату миллат хатар эҷод мекунад.

 

Мо бояд фаромӯш насозем, ки миллати мо тамоми арзишҳои моддию маънавӣ, адабию ахлоқӣ ва фарҳангию таърихиеро, ки барои як миллати комил хос мебошад, дорост. Агар аз ибтидо таҳлил намоем, мо аз рӯзи таваллуд дар доираи арзишҳои миллии худамон ба воя расида тарбия меёбем. Оғози ин ҳама домони пурмеҳри модар, гаҳвора ва суруди «Алла» мебошад. Гаҳвораро мо чизи муқаддас мешуморем, суруди «Алла» бошад, фарогири орзуву ниятҳо ва дуои модар нисбат ба фарзанд аст, ки ӯ дар оянда номбардори волидайн ва давлату миллат гардад. Мазмуну муҳтавои аслии суруди «Алла»-ро инсондӯстӣ, накӯкорӣ, хайрхоҳӣ, қаҳрамонӣ, далерию шуҷоат ва ҷавонмардию ростқавлӣ ташкил медиҳад, ки дар сиришти миллати мо нуҳуфтаааст. Яъне сарчашмаи худшиносии миллии мо аз ҳамин ҷо оғоз меёбад. Мо соҳиби номҳои миллӣ, таомҳои миллӣ, нонҳои миллӣ, либоси миллӣ, мусиқии миллӣ, рақси миллӣ, касбу ҳунарҳои миллӣ, бозиҳои миллӣ, ашёҳои миллии рӯзгордорӣ, санъати меъмории миллӣ, ҷашнҳои миллӣ, расму оини миллӣ, забони миллӣ, таъриху фарҳанг ва пули миллии худ мебошем, ки дар бораи ҳар кадоми он маълумоти дақиқу пурра доштан вазифаи асосии ҳар як шахс маҳсуб меёбад.

 

Дар дунё кам миллатҳое ёфт мешаванд, ки соҳиби чунин арзишҳо бошанд. Мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки арзишҳои миллиро нодида гирем ва ноогоҳона ба фарҳанги бегона пайравӣ намоем. Мо эҳтиёҷ ба фарҳанги бегона надорем. Аз тамаддуни ҷаҳонӣ бештар техника ва технологияи замонавиро бояд омӯхт. Ихтироъкору навовар бояд буд.          Хулоса, миллати соҳибтамаддуни тоҷик тамоми арзишҳоро дорост. Имрӯз ҷомеаи мо танҳо ба техника ва технологияи навин эҳтиёҷ дорад. Мо бояд такя ба асолати миллӣ намоем. Сарчашмаи хушбахтии мо асолати миллиамон мебошад.

 

Маҳз ҳамин арзишҳо ҳисси миллӣ, ватандорию ватансозӣ ва озодиву истиқлолхоҳии моро то ба имрӯз нигоҳ дошта, моро соҳибватан намудаанд ва ягонагиву муттаҳидии миллати моро абадӣ намудаанд. «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворӣ ва қудрату ғановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омӯзиш ва корбасти арзишҳои неки миллӣ, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънавии миллат вобастагӣ дорад».

 

Дар масири таърих нотавонбинон зиёд кӯшишҳо кардаанд, ки хотираҳои таърихӣ, фарҳангу адабиётро аз байн баранд ва ба ҳамин восита миллати моро нест созанд. Аммо рӯҳияи худшиносии миллат ҳастии онро нигоҳ доштааст. Худшиносии миллӣ ҷавҳари асосии эҳтироми шахс нисбат ба гузаштаву имрӯз ва ояндаи миллати худ аст. Мо танҳо дар заминаи хотираи таърихии худ метавонем аз хатоҳои роҳи давлатдорию давлатсозӣ воқиф бошем ва бо хираду заковати аслӣ ба пеш огоҳона қадам гузорем. Имрӯз таҳкими раванди худшиносӣ ва худогоҳӣ дар кишвари мо барои густариши тафаккури навини миллӣ замина фароҳам овард, ки ҷавҳари онро ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ва сарҷамъиву ваҳдати миллӣ дар пояи андешаи миллӣ ташкил медиҳад. «Мо имрӯз дар марҳалаи такомули давлати миллии худ қарор дорем. Дар ин давраи тақдирсоз осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва заминаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нерӯи бузург ва созанда мебошанд. Андешаҳои бузургони миллат дар ҳар давру замон, бахусус дар даврони ташаккули рӯҳи озодиву истиқлолхоҳӣ доираҳои васеи мардумро фаро гирифта, ҷавҳари худшиносӣ ва худогоҳиро дар худ таҷассум намудаанд. Муҳимтарин ҳадафи онҳо эҳёи асолати таърихиву фарҳангӣ, шукӯҳу азамати давлатдории аҷдодӣ ва бунёди низоми адолатпеша буда, ин афкору ғояҳо тадриҷан ба неруи бонуфузи ғоявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ табдил ёфтаанд».

 

Бояд тазаккур намуд, ки худогоҳиву худшиносӣ танҳо ифтихор аз дастовардҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии миллати хеш нест, балки пойгоҳи устувори маънавиест, ки ҷавонони бонангу номус ва огоҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳо ва созандагиву бунёдкориҳо ҳидоят месозад.

 

Худогоҳиву худшиносии миллӣ моро водор месозад, ки ба қадри модар-Ватан, муқаддасоти миллӣ – Истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасем ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзем.

 

Рухсора ДАВЛАТОВА,

мудири бахши занон ва духтарони Академия

Похожие записи