АҲАМИЯТИ ИҶЛОСИЯИ XVI –УМИ ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ТАҲКИМИ СУБОТИ СИЁСӢ ВА НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН

Далер

Бо тағйирёбии низоми сиёсӣ ва барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар заминаи таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ мураккаб гардид. Ин мураккабӣ боиси ба амал омадани ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат шуд. Дар муддати кӯтоҳ хисороти зиёди ҷонию молӣ ба амал омада, тамоми мақомоти давлатӣ фалаҷ гардид. Поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби гуруҳҳои манфиатхоҳу ҳукуматхоҳ ба дараҷаи олӣ расид. Дар баробари омилҳои дохилӣ, таъсири гуруҳҳои манфиатҷӯи хориҷӣ раванди муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии ҷомеаро боз ҳам тезонид. Хатарҳои давлати ҷавону нав ба истиқлолрасида зиёд гардид. Хиёнати баъзе афроди нохалаф ва манфиатҷӯ вазъи душворро боз ҳам қувват мебахшид. Дар муддати кӯтоҳ вазъи иҷтимоӣ ба дараҷаи хеле паст рафта расид. Минтақаҳои ҷудогонаи кишварро аз боиси падидаҳои номатлубе ба мисли маҳалгароӣ, қаҳтӣ ва гуруснагӣ фаро гирифт. Дар аввалин фурсат баъзеҳо ба вазъи мавҷудаи таҳдидовар тоб наоварда, ба тарки хоки Ватан рӯ оварданд. Акнун дар чунин шароити вазнин шаҳрвандони кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шӯрои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки ҷиҳати барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳу субот, 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад. Бояд қайд кард, ки дар он вақт Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди халқу Ватан ва ҷомеаи инсонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи XVI-ум муайян кард.

 

Нахустин қадамҳо дар роҳи сулҳу субот байни қувваҳои мухолиф дар ҳамин иҷлосия гузошта шуд. Пояи давлати навини Тоҷикистон заминаи ба ҳам омадани миллат маҳз дар ҳамин иҷлосия гузошта шуд. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ як қатор қарорҳое қабул карда шуд, ки заминаи таҳкими суботи сиёсӣ ва қонунгузориро дар кишвар гузошт.

 

Яке аз қарорҳои муҳим ва саривақтии иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олӣ ба ҳисоб мерафт. Мувофиқи қарори ҳайати Шӯро Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ савганд ёд намуда, гуфт: «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам…»

 

Интихоби сарвари давлат заминаи қабули як қатор санадҳои меъёрӣ ва амалӣ гардидани онҳоро дар кишвар гузошт. Сарвари навинтихобро зарур буд, ки як қатор қарорҳои муҳиме қабул намояд, ки вазъиятро муътадил гардонида, қонун дар мамлакат ғолиб шавад ва хатарҳои номатлуби давлату миллат рафъ гардад.

 

Ҳамин тавр, 19 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи изҳороти аъзои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо кард.

 

Тибқи қарори мазкур ҳайати девон то вақти ташкил додани ҳайати нав ваколати худро давом медоданд.

 

20 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони дафтари Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба Хуҷанд омаданд, машварат орост.

 

Дар машварат сухан дар бораи корҳои ташкилию техникии иҷлосия ва масъулияти кормандони дафтари Раёсати Шӯрои Олӣ рафт.

 

Эмомалӣ Раҳмон мулоҳизаҳояшро дар бораи интихоботи раисони нави Кумитаҳои Шӯрои Олӣ ва аъзои Раёсати он баён карда, аз нақши воситаҳои ахбори умум, махсусан телевизион ва радио дар масъалаи беҳбудии вазъи ҷумҳурӣ изҳори ақида кард.

 

Дар раванди иҷлосия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузошт. Мувофиқи қарорҳои мазкур Абдумалик Абдуллоҷонов Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қозидавлат Қоимдодов ва Хуҷааҳмад Хидиралиев муовинони Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо гузошт.

 

23 ноябр иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо кард.

 

24 ноябр Эмомалӣ Раҳмон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи гурезагон”, “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо намуд.

 

25 ноябр ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо гузшта шуд. Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардида, аз 11 фасл, 4 боб ва 154 модда иборат аст. Кодекси мазкур қоидаҳои умумиро оид ба фаъолияти гумрукӣ, интиқолу рухсатдиҳии молҳо ва дигар ашё аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати гумрукӣ, боҷу андозҳои гумрукӣ, ба расмиятдарории гумрукӣ, тартиби аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани ашёи ташкилоту намояндагиҳо ва шахсони байналмилалию хориҷие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзоти гумрукӣ доранд, қочоқу вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ, баррасии парвандаи қочоқ ва вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ, ихтиёрдории молу ашёи дигар, мағозаи савдои бебоҷ, шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти музди меҳнат, таъминоти моддию маишӣ ва ҳифзи иҷтимоии мансабдорони мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.

 

Ҳамчунин 26 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муроҷиатномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ имзо гузошт, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфи фалокати умумимиллиро, ки қодир аст орзӯи чандинасраи тоҷиконро баҳри истиқлолият ва эҳёи давлатдории худ аз байн барад, эҳсос намуда, ҷанги бародаркуширо, ки боиси ҳалокат ва харобӣ, кушта шудани ҳазорон одамони бегуноҳ мегардад, маҳкум карда, мақоми аввалиндараҷа доштани ҳуқуқи шахсиятро бидуни мансубияти миллӣ ва динию мазҳабӣ, ҷаҳонбинӣ ва майли идеологӣ ва амсоли он эътироф намуда, масъулияти таърихии худро нисбат ба тақдири ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон, ки ба роҳи тараққиёти мустақилияти миллӣ қадам ниҳоданист, дарк карда, баҳри ҷумҳурии якпорча ва тақсимнопазир, Тоҷикистони демокративу дунявӣ талош менамояд.

 

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед мекунад, ки ҳамин муроҷиатномаро аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату иттиҳодияҳо, ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ баҳри тантанаи ақли солим ва адлу инсоф ба хотири дар қаламрави Тоҷикистон пойдор шудани сулҳу муросо дастгирӣ хоҳад кард”.

 

Бояд тазаккур дод, ки 26 ноябр Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми матбуоти даврӣ чоп гардид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи барои сарнавишти миллионҳо одамон пурхатар ва дар лаҳзае, ки ҳаёт ва осоиштагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ зери хатар аст, доир гардид. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақомоти конститутсионии ҳокимияти намояндадор ва ифодагари иродаю ормони тамоми халқи ҷумҳурӣ мебошад. Муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалаҳои тезу тунди иҷтимоиву сиёсӣ мебошад.

 

Ҳамзамон, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварӣ изҳор мекунад, ки қарорҳои Иҷлосияи 16-умро шаҳрвандони ҷумҳурӣ дастгирӣ менамоянд, дар сарзамини Тоҷикистон сулҳу оромӣ барқарор мегардад ва халқи Тоҷикистон бо мақсади сохтмони давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ ба меҳнати бунёдкорона оғоз мекунад”.

 

26 ноябр Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992”-ро ба имзо расонид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд” дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардидааст. Қонуни мазкур ҷиҳати хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, пешгирии фоҷиаи миллии ҷумҳурӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гуруҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти мӯътадили институтҳои давлатӣ, инсондӯстӣ қабул гардида, аз 5 модда иборат буд.

 

2 декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таклифи 116 нафар депутати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарор “Дар бораи таъсиси вилояти Хатлон» имзо гузошт. Тибқи он дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби якҷоя кардани вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа вилояти Хатлон ташкил шуда, маркази маъмуриаш шаҳри Қӯрғонтеппа муқаррар гардид.

 

Ҳамчунин Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намуд. Мувофиқи қарорҳои мазкур ҳайати Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазирону сардорони кумитаҳо интихоб карда шуд. Бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 

2 декабр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо кард.

 

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мушаххас ва мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллат як қатор сандаҳои меъёрӣ-ҳуқуқие дар раванди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ қабул гардид, ки заминаи таҳқими низоми қонунгузориро дар мамлакат гузошт. Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад.

 

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.

 

Далер ҚОДИРЗОДА,

декани факултети дипломатия ва сиёсати Академия,

н.и.ҳ., дотсент,

Похожие записи