БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ ЗУРОВАРӢ ДАР ОИЛА

IMG_3398

Дар Академияи идоракунии давлатии нази Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023” мизи мудаввар доир гардид.

 

Дар мизи мудаввар ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент – Аҳмадзода Зулфия Кабир, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе – Ҷурахонзода Ҷумахон, вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе – Парвина Сулаймонӣ, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Худойдодова Фарзона, мудири  шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Шарипова Лайло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Ҳомидзода Насимҷон, мудири бахши кор бо занон ва духтарони Академияи – Каримзода Н.Р., сармутахассиси бахши кор бо занон ва духтарони – Бобоназарова Д.Э. ва донишҷӯдухтарони Академия иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Чорабинии мазкурро муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Ҷурахонзода Ҷумахон ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, аз иштирокчиёни мизи мудаввар ҷиҳати иштирок изҳори минатдорӣ кард.

 

Баромадкунандагон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023” ҳамзамон дастгирӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи зан дар ҷомеа суханронӣ ва фикру андешаҳои худро баён намуданд.

 

Дар баробари ин, омӯзгорону донишҷӯдухтарони Академия дар мизи мудавари мазкур фаъолона иштирок намуда, фикру андешаҳои худро озодона баён намуданд.

 

Дар интиҳои ҳамоиш байни донишҷӯдухтарон ва меҳмонони чорабинӣ суҳбати ошкору самимӣ баргузор гардида, ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

Похожие записи