БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ – СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

1 (8)

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “30 соли қаҳрамонӣ” бо иштироки кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, устодон, кормандон, магистрантону донишҷӯёни Академия бо шиорҳои “Президенти мо – ифтихори мо!”, “Пешвои миллат – Раҳбари маорифпарвар”, “Пешвои миллат – сулҳофару ваҳдатовар”, “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон поянда бод!”, “Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!” ва амсоли ин ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

 

Ҳамоишро ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати ин санаҳои муҳимми таърихиву тақдирсоз самимона табрику таҳният гуфт.

 

Зимни суханронии ректори Академия тазаккур дода шуд, ки барои мардуми сарбаланди тоҷик бахти бузургест, ки дар даврони рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳӣ тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот муяссар гардонид. Дар он рӯзҳои басо мушкил барои мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, дар дили мардум умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ҷо намуданд.

 

Мусаллам аст, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва барқарор гардидани аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он заминаи мусоид фароҳам овард. Интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Иҷлосияи тақдирсоз барои мардуми шарифамон фоли нек ҳисобида шуд ва халқи тоҷик дар симои ин абармард наҷотбахши воқеии миллатро дарёфт. Ин марди хирад ҳамчун Роҳбари фозил давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид намуда, ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои устувор ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд.

 

Гуфта шуд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, мардумсолор ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Аз ин лиҳоз, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои бемислу мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Дар рафти ҳамоиш инчунин муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Нигина, муовини Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Соҳибзода Муҳаммадҷон ва чанд нафар магистрантону донишҷӯён баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид. Таъкид гашт, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст. Дар кишвари мо бошад, зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва ҳидоятгари ҷавонони дорои неруи азими зеҳниву ҷисмонӣ, баҳри иштирок дар раванди фаъолияти пурмаҳсули давлатсозӣ бениҳоят арзишманд мебошад.

 

Ҳамчунин, кормандону устодон дар мавзуъҳои “Саҳми мондагори Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёд ва рушди давлатдории миллӣ”, “Нақши Пешвои миллат дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон ва рушди ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон” маъруза намуда, саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳар соҳа қайд карданд.

 

Дар фарҷом иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона, инсонпарварона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, баҳри пешрафту ободии Ватани маҳбуб заҳмати пурсамар хоҳанд гузошт.

Похожие записи