Баргузории ҳамоиши илмӣ – сиёсӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ

IMG_8329

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистон ҷиҳати пешбарӣ намудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Одиназода Рамазон Сафар – раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм, устодон, кормандон донишҷӯёну магистрантон иштирок намуда, вобаста ба дастовардҳои даврони истиқлолият дар ҳама соҳаҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ намудаанд.
Нахуст ректори Академия Абдухалил Ғафурзода ҳамоиши илмиро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.

Ҳамчунин, кормандон, устодон ва донишҷӯёну магистон дар мавзуҳои “Нақши Пешвои миллат дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон ва рушди ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон”, “Занон ва нақши онҳо дар роҳи рушди давлатдории миллӣ” суханронӣ намудаанд.

Таъкид гашт, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст. Дар кишвари мо бошад, зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва ҳидоятгари ҷавонони дорои неруи азими зеҳниву ҷисмонӣ, баҳри иштирок дар раванди фаъолияти пурмаҳсули давлатсозӣ бениҳоят арзишманд мебошад.

Зикр гашт, ки маҳз пуштибонии зиёди занони тоҷик пас аз соҳибистиқлол гаштани кишварамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва оид ба беҳбудии вазъи занон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа якчанд санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тавсиб расид. Аз Конститутсия сар карда, тамоми қонунгузориамон, аз ҷумла  кодексҳои оила, ҷиноятӣ, меҳнат, гражданӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳуқуқу манфиатҳои зан – модарро ҳимоя мекунанд. Баробарҳуқуқии занон меъёри конститутсионист, мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Аз ҳамин хотир, занону духтарони соҳибмаърифат, бонангу номус ва худшиносу ватандӯст ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сиёсати созандаи Президенти кишвар ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат карданро бояд қарзи имониву инсонии хеш донанд.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки ваҳдати миллӣ  дар радифи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои миллати тоҷик  азизу муқаддас  мебошад. Маҳз бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими Ваҳдати миллӣ иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз пеш рушд намуд.  Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 81%-и солҳои аввали соҳибистиқлолӣ батадриҷ   коҳиш ёфта, соли 2020 он он 20%-ро ташкил дод. Интизор меравад, ки то соли 2022 он 10% коҳиш дода шавад.Инчунин дар мамлакат  иншооти муҳиму бузурги дорои аҳамияти стратегӣ, назири роҳ, пулу нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва боз чандин иншооти гуногун, ки барои рушди иқтисоди миллӣ хеле муҳиманд, ба истифода дода шуданд. Сохтмони иншооти муҳим дар кишвар  дар татбиқи  се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ  ва таъмини амнияти озуқаворӣ  дар мамлакат нақши муассир гузоштанд.

Дар рафти ҳамоиш устодон, кормандон донишҷӯёну магистрантон бо шиорҳои Пешвои миллат номзади арзанда, Поянда бод мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои сулҳофару ваҳдатовар ва Тоҷикистон ба Пешвои миллат ба пеш миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайвастаашон баён доштаанд.

Дар охир аз ҷониби устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи дастгириву заҳматҳои Пешвои муаззами миллатамонро бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ эҳсос намуда, ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозанд, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона, инсонпарварона ва муваффақонаи Сарвари давлат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошанд, пешниҳоди Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистонро ҷиҳати пешбарӣ намудани номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоем.

Аксҳо

Похожие записи