БАРРАСИИ НУҚТАҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ “МАРКАЗИ БОНУВОНИ ФАЪОЛ”-И АКАДЕМИЯ

IMG_0118

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои “Маркази бонувони фаъол” баргузор гардид.

 

Дар ҷаласаи Шӯро нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки санаи 26.01.2021 баргузор гардида буд  баррасӣ шуданд.

 

Нахуст Мудири бахши занон ва духтарони Академия Давлатова Р.О оид ба муҳтавои Паём суханронӣ намуда қайд кард, ки муроҷиати оммавии анъанавии ҳамасолаи Сарвари давлат ба ҳарду палатаи Парлумон аст, ки вазъи корҳоро дар мамлакат арзёбӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад. Аз таҳқиқу баррасии паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки барои тамоми соҳаҳои фаъолияти қишри ҷомеа чун шаҳодатномаи роҳнамо маҳсуб мешаванд.

 

Сипас Сайдаҳмадзода Д. -директори Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» вобаста ба нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда иброз намуд, ки яке аз ҳадафҳои Паём барои вусъат бахшидан ва баланд намудани сатҳу сифати иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми кишвар тарҳрезӣ гардида, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Инчунин  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола  оид ба  тақвият бахшидани илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ, ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон суханронӣ намуда эълон доштанд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

 

Дар асоси масъалаҳои баррасишуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба мардуми шарафманди  Тоҷикистон муроҷиат намуда  доир ба дигар самтҳои ҳаётан муҳими имрӯза аз қабили: дастгирии ҷавонон, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, робитаҳои дипломатӣ, ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамкориҳо  бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир, ҳамкориҳои зичу судманд дар соҳаи амният бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар шарикони худ, инчунин арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он,  аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар  фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад  суханронӣ намуда ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас доданд.

 

Махсусан дар самти  дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. Инчунин нафақаи кӯдакони маъюби то 18 – сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад. Дар ин замина, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки барои бунёди се мактаб – интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе чораҷӯӣ намояд ва дар ин муассисаҳо мисли мактабҳои байналмилалии Президентӣ шароити беҳтарини таҳсил ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.

 

Инчунин муаллима махсусан қайд намуд, ки имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо карда, дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас доранд. Боиси ифтихори мо, бонувон аст, ки Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти эшон назари нек доранд ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати онҳоро ҳамеша намунаи ибрат меоранд.

 

Дар баромади хеш муаллима оид ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба занону бонувон изҳори минатдорӣ намуда, аз иштирокчиён  даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати сипосгузорӣ ва қадр кардани ғамхориҳои Роҳбари давлат мо бояд масъулияти баланд эҳсос намуда барои рушду пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

 

Дар охир ҷаласаи Шӯрои “Маркази бонувони фаъол”- ро мудири Бахши занон ва духтарони Академия Давлатова Р.О. ҷамъбаст намуда, бори дигар таъкид сохтанд, ҳар яки моро зарур аст, ки мазмуну муҳтавои Паёмро дуруст дарк намуда, он дастуру супоришҳое, ки Пешвои муаззами миллат дар  назди мо гузоштанд бо масъулияти  баланд ва саривақт иҷро намуда ҳамеша бо кору пайкори созанда ва бо заҳматҳои содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии Истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон самимона кору фаъолият намоем.

 

Аксҳо

Похожие записи