БАҲРИ ОБОДИИ ВАТАН КАМАРИ ҲИММАТ БАНДЕМ

b72e039a-a8f1-4a5c-9813-1ce5dbf930a2

Вақте тариқи воситаҳои ахбори омма ё таҳлили мардум мешунавем, ки хиёнаткоре дар ҷомеаи зебову ободу озоди мо пайдо шудааст, хеле ранҷур мегардем, хотирамон парешон мешавад. Охир чаро? Чӣ тавоноие ҳаст аз ақли инсон бузургтар, ки инсонро ба хиёнат ба Ватан – модар даъват менамояд? Магар ин одами хоин падару модар, хоҳару бародар, хешу табор надошта бошад? Инсони комил оне буда метавонад, ки аз Ватан-модар, сарзамину диёри хеш, урфу одатҳои ниёгон, фарҳанги миллӣ ва забони модариаш ифтихор дошта бошад.

 

Онҳое, ки ба Ватан хиёнат мекунанд, арзандаи ин хоки муқаддас нестанд. Беватанӣ ин бешарафӣ аст. Чаро иддае аз мардум бешарафиро пешаи худ кардаанд, хоинанд ва хиёнаткор? Чаро боре аз худ намепурсанд, ки ба кӣ хиёнат доранд? Чаро боре ҳам саҳифаҳои таърихро варақ намезананд, ки хиёнаткору хоин ҳар ду дар як паллаи тарозу меистанду барои касе, аз ҷумла онҳое, ки зери домонашон паноҳ мебаранд, умуман даркор нестанд? Ҳангоми ба тасвиб расидани нақшаҳои нопокашон, ҳатман аввал хоинро мекушанд, зеро кор анҷом ёфт, баъд ватани хоинро, ки падару модар, хоҳару бародар, аммаву хола, хешу таборонашон зиндагӣ доранд, дар коми ҷаҳолат мекашанд, нест мекунанд. Сарзамин ва хонаҳои ободро вайрон, тифлони шодонро ятим ва занони хушбахтро бесаробон мемонанд.

 

Аз ин рӯ, даъват менамоям аз ҳамватанони худ, ки шукронаи ин давлати озоду миллати куҳанбунёд намуда, онро пос дошта, аз сарзамин, диёр, хонаи ободу фарзандони шоду хандони худ ифтихор намоянд. Барои ободиву озодии ин мулки биҳиштӣ камари ҳиммат бубанданд, ба худ оянд, Ватану модар, сарзамину азизон ва хонаводаи орому осоиштаашонро бипазиранд. Даст ба хиёнат назананд.

 

Биёед, баҳри ободиву озодӣ ва оромии ин кишвари биҳиштосоямон камари ҳиммат баста, имони комил доштанамонро дар дӯстдории Ватан исбот намоем, зеро фармудаанд, ки “дӯстдории ватан гӯшаи имондорист.”

 

Шоҳписанд УМАРАЛИЗОДА,

корманди Академия

Похожие записи