“Беҳтарин донишҷӯи сол”-и Академия муайян шуд

IMG_9647

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври академиявии озмуни “Беҳтарин донишҷӯи сол” баргузор гардид. Дар озмун Аҳмадзода Зулфия – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Бобозода Одилҷон – ёвари ректор, Шарифов Шариф – мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, Суфиев Фарҳат – сардори раёсати корҳои тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон,  ҳайати комиссияи  озмун ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Сараввал Аҳмадзода Зулфия ба донишҷӯён муваффақият таманно намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории озмун дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён, муайян намудани донишҷӯи фаъол ва беҳтарин дар самти илм, фарҳангдӯстӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён ва таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии онҳо мебошад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки озмуни “Беҳтарин донишҷӯи сол” яке аз иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  буда, бо мақсади ҷалби нерӯи насли наврасу ҷавон ба хотири созандагиву бунёдкорӣ, рушд додани савияи малакаи дониш ва ғамхорӣ нисбати насли ояндаи миллат байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат доир карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки марҳилаи аввали озмуни “Беҳтарин донишҷӯи сол”  миёни донишҷӯёни факултетҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ғолибони даври  факултетӣ ба даври академиявӣ роҳ ёфта буданд.

Дар даври Академиявии озмуни мазкур донишҷӯён Шарифзода Судоба, Бобозода Бузургмеҳр, Саидова Зарина, Раҳимова Шарафнисо, Асрорзода Суҳайлӣ ва Эмомалии Тӯрахон фаъолона иштирок намуданд.

Тибқи Низомнома озмуни “Беҳтарин донишҷӯи сол” аз рӯи номинатсияҳо баромад карда, донишу маҳорат, сатҳи забондонӣ, дастоварду ихтироъкориҳо ва иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳо баҳогузорӣ шуд.

Дар охир, аз рӯи натиҷаи холҳои бадастоварда донишҷӯён  Шарифзода Судоба ва Раҳимова Шарафнисо ба давраи ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.  

Аксҳо

Похожие записи