Боз як устоди АИДНПҶТ соҳиби унвони илмӣ гардид

IMG_0304

Боз як устоди АИДНПҶТ соҳиби унвони илмӣ гардид

29 – сентябри соли 2020 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии муаллими калони кафедраи идоракунии давлатӣ ва худидоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Муҳаммадҷон  баргузор гардид.

Аминов Муҳаммадҷон рисолаи илмиашро дар мавзӯи “Проблемаи эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти роҳбарии доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор  Тағоева С.Н. бо сарбаландї дифоъ кард.

Баъд аз саволу ҷавоб ва баромадҳои иштирокчиёну муқарризон аз ҷониби муовини раиси Шӯро Золотухин Алексей Валеревич эълон гардид, ки унвонҷӯ Аминов Муҳаммадҷон Маҳмадризоевич рисолаи илмиашро бомуваффақият ҳимоя намуд ва пешниҳод кард, ки ӯ ба дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ арзанда аст.

Аминов Муҳаммадҷон баъд аз ҳимояи муваффақонаи кори илмиаш иброз дошт, ки маҳз бо дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо мо, ҷавонон, бемамоният ва саргардонии зиёдатӣ метавонем, мо ҷавонони насли истиқлол рисолаҳои илмиамонро дар дохили кишвар дар шӯроҳои ватанӣ ҳимоя менамоем. Ҳамчунин, ба Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталї  ҷиҳати дастгирии олимону муҳаққиқони ҷавон изҳори миннатдорӣ намуд.

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Муҳаммадҷон Маҳмадризоевичро ба ин дастоварди арзишманди илмӣ таҳният гуфта, барои корҳои минбаъдаи илмиаш барору муваффақият орзу менамоянд.

Аксҳо