ВАТАН – САРЧАШМАИ ИШҚУ МУҲАББАТ

ватан

Ватан барои ҳар як инсон муқаддас мебошад. Ватан паравранда ва эҳёгари зиндагии орому осуда барои одамон аст. Ватан ҷойест, ки мо дар он ҷо ба камол расида аз ҳавои он нафас мегирем, инкишоф меёбем ва зиндагӣ мекунем. Ватан сарчашмаи ишқу муҳаббат ва орзуву омоли инсон аст. Ватан шабеҳи Модар буда, дар оғӯши гармаш мо инсонҳоро мепарварад.

 

Дар оғӯши гарми Ватан ва табиати дилрабою афсонавии он тифлонаш бузург шуда, ба ояндаи дурахшони худ умед мебанданд. Ватан сарфарозию сарбаландии одамон, хандаи тифлон, бахти сафеду орзуи ширини инсон мебошад. Ишқи Ватан бепоён ва муддавом буда, таранумгари зебогии ҳаёт аст. Ватан ҷойест, ки ҳадафҳои пешгузоштаи одамонро дар ҳоли расидан ба зиндагии шоиста таъмин месозад. Осмони Ватан зебост ва офтобаш ҳаётбахш аст. Ханда ва қадамзании тифлон дар фазои озоду ободи Ватан басо хушнудист. Кору фаъолияти орому осудаи мо дар фазои Ватан хушҳолӣ ва хушбахтӣ мебошад. Пас, гуфтан мумкин аст, ки ватандорӣ дастоварди бузург ва хушбахтии инсон аст.

 

Ватандорӣ ва ҳифзи он аз вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як инсони комил мебошад. Ҳар як инсон муносибат бо Ватанро мебояд чун қиматтарин унсури ҳаётбахш, вазифаи имону виҷдони худ донад. Ҳар як инсон дар назди Ватан масъулиятдор аст, то ки замин ва хоки муқаддаси онро ҳимоят намояд. Зеро ки Ватан метавонад моро хушнуду бахтёр намояд. Дар ин бобат, шоири хушзавқи тоҷик Пайрав Сулаймонӣ чунин гуфтааст:

 

Ватанро бинозам, маро дар канор,

Чу Модар, гирифту намуд, бахтёр.

 

Агар дар раванди зиндагӣ мо ба чизе ё ба коре муваффақ гардем он дар фазои Ватан басо рангину дилрабо ва хушбахтист. Дар фаъолияти пайвастаамон ба дастоварде ноил гардем аз он меболему шоду масрур мешавем. Ҳамаи ин албатта аз озодии фазои Ватан мебошад, ки бо он мо ифтихор мекунем.

 

Ақидаи нависанда ва мутафаккири фаронсавӣ Волтер дар ситоиши Ватан хеле ҷолиб мебошад: “Нон дар Ватан беҳтар аз ҳалво дар ғарибист”. Оре, барои инсони комил ва худшинос Ватан доштан худ дуру гуҳар ва сарвати бузуг мебошад.

 

Ватандорӣ сарфарозист. Ватан ва манфиатҳои он барои шахсияти худогоҳ аз ҳама чиз боло мебошад. Расидан ба қадри озоди ва фазои сулҳу салоҳ дар Ватан ин вазифаи асосии ҳар яки мост. Ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ аз волотарин амалҳое мебошад, ки инсон бояд нисбати онҳо ҳамчун ватандор бетаваҷҷуҳ набошад.

 

Ҳар як ҷавони тоҷик имрӯз бояд донад, ки Ватан ва озодӣ аз ҳама дастоварди бузурги инсон мебоошад. Инчунин, хуб донанд, ки расидан ба истиқлолияти комили Ватан кори осон набуда, дар ин роҳ заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷикро набояд фаромӯш кард. Хидматҳои онҳоро бештар аз пештар омӯзем, қадр кунем, арҷгузорем ва ба ин васила ба қадри озодию истиқлолияти Ватан бирасем.

 

Дар роҳи расидан ба арҷгузорӣ ва хештаншиносӣ метавон аз тарбияи ватандӯстӣ оғоз намуд. Ин тарбияро мо пеш аз ҳама аз хурдсолӣ бояд оғоз намоем ва дар сиришти кӯдак ҳисси масъулиятшиносии ватанпарастиро тарғиб намоем. Чуноне ки устод Лоиқ гуфта буд:

 

Ватан сар мешавад аз гаҳвора,

Зи шири поку аз пистони Модар.

 

Бояд мо ба қадри ҳамаи сарватҳои табии ватанамон бирасем. Онро мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем . Барои ҷавонон зарӯр аст, ки аз мероси бою ғании адабии гузаштагонамон омӯзанд. Аз осори ниёгон вобаста ба эҳтироми арзишҳои миллию ватандорӣ васеъ истифода намоянд. Дониши худро сайқал диҳанд. Дар ин радиф Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: “Ман бори дигар ба мардуми шариф ва бонангу номуси Тоҷикистон, инчунин, ба ҷавонони боғайрати Ватани соҳибистиқлоламон муроҷиат карда мегўям: Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ танҳо бо дониши комил, ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватанпарастӣ, дарки масъулияти ватандорӣ муяссар мешавад”.

 

Албата, нафаре ба қадри Ватан ва арзишҳои моддию маънавии он расида метавонад, ки одбу ахлоқ ва маърифату дониш дошта бошад. Барои ҷавонон дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо бештар зарӯр аст, ки арзишҳои олии ватандориро омӯхта, манфиатҳои миллию давлатиро аз ҳама чиз боло гузоранд. Ватани азизи худро дӯст доранд. Ватане, ки онро ном Тоҷикистон аст…

 

Баҳром ШАРАФЗОДА,

магистртанти Академия

Похожие записи