Даври сеюми курси “Зан-сарвар” дар вилояти Хатлон оғоз гардид

IMG_2373

Бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон даври сеюми курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”, ки аз 13 то 23 апрели соли 2020 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор мегардад, ифтитоҳ гашт.

Дар расми ифтитоҳи курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Абдуаллимзода Исмоил Иброҳим – сардори раёсати кадрҳо коргузорӣ ва корҳои махсуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ичунин, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Ректори Академия чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, дар он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд.

Таъкид шуд, ки ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда инчунин, беҳтар намудани шароити кору фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст.

Зикр гашт, ки ҳадаф аз баргузории курс ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарӣ дар идоракунии давлатӣ мебошад.

Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузори кишвар то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро омода ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кардааст, ки аксарияти онҳо қабул гардидаанд. Аз ин рӯ, санадҳои ба тасвибрасида барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Тибқи иттилои Исматулло Шерхон- ҳамоҳангсози курс дар он 30 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷалб карда шудаанд.

Курси мазкур 5 давраро дарбар мегирад. Дар анҷоми курс шунавандагон аз рӯи барномаи “Зан – сарвар” соҳиби диплом мегарданд, ки дар болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид.

Аксҳо

Похожие записи