Дар АИДНПҶТ таҳти унвони «Интихоби мо – Пешвои миллат» ҳамоиш баргузор гардид

IMG_9306

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – сиёсӣ таҳти унвонӣ «Интихоби мо – Пешвои миллат»барои дастгирии пешниҳоди Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати пешбарӣ намудани номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳамоиши мазкур, Абдулло Раҳмонзода – раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Комилбек Амид Ёрбек – муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Исматов Сомон Сулаймонович – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Аҳмадзода Зулфия Кабир – муовини ректор оид ба идеология ва робита бо ҷомеа, кормандон, устодон ва хизматчиёни давлатии ҷавон, ки ҳамчун магистрант дар Академия таҳсил менамоянд иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Амид Комилбек, зимни суханронии худ иброз дошт, ки мавҷудият ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ ва дорои истиқлоли сиёсӣ дар замони муосир муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик дар ҷодаи таърих ба ҳисоб меравад. Раванди ҳифзи истиқлол ва таҳкими он дар мамлакат, ба низоми муайяни рушд даровардани низоми сиёсии давлат ва ба марҳалаи рушди устувор ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагӣ ба фаъолияти шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон дорад. Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва ин ҷанги таҳмилӣ омили фалаҷ гардидани сохтори сиёсӣ, нобуд гардидани низоми идоракунӣ ва инкишофи бисёрҳокимиятӣ дар давлат гардид. Дар чунин раванди ҳассос барои миллати тоҷик роҳбар ва роҳнамое зарур буд, ки аркони давлатдориро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ нигоҳ дорад.

Маҳз Эмомалӣ Раҳмон бо вуруди худ ба саҳнаи сиёсати давлати тоҷикон ҳамчун абармард, шахсияти мардумӣ, худогоҳ ва сулҳофар тавонист дар як муддати кўтоҳ сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуда, низоми муайяни идоракуниро рушд диҳад.

Мусаллам аст, ки дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги миллӣ ноил гардида, дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳалли муаммоҳои глобалӣ ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ шудааст.

Зикр гашт, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун маъракаи муҳими сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории интихоботии ҷумҳурӣ  танзим карда мешавад. Бо мақсади танзими қонунии ин раванд Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шудааст. Дар назар бояд дошт, ки имрӯз дар Тоҷикистон  заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт мавҷуд буда, он имконият медиҳад, ки маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, бо риояи стандарту меъёрҳои байналмилалӣ баргузор гардад.

Абдулло Раҳмонзода, бо ишора ба таҳаввулотҳои дар бисёр кишварҳо баамаломада, таъкид дошт, ки ҳаряки моро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста кӯшиш намоем, то бадхоҳони миллат аз ин маъракаи барои давлату миллат тақдирсоз ба нафъи худ сӯистифода накунанду фикру ақида ва ғаразҳои сиёсии худро дар кишвари мо амалӣ насозанд.

Масъулин зимни ҳамоиш аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соҳиби ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошанд, даъват ба амал овардаанд, ки рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ дар чорабинии муҳими сиёсӣ – Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд ва барои ободиву пешрафт, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, ояндаи неки Тоҷикистони азиз мавқеи худро муайян намоянд.

Дар охири ҳамоиш таъкид гардид, ки мо, ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо  барои боз ҳам ободу зебо ва рушду пешрафт намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳтиромона аз номи тамоми ҷавонони Академия ва хизматчиёни давлатии ҷавон номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи навбатии дар пешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир дастгирӣ менамоем.

Аксҳо