Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт маҳфили адабӣ баргузор гардид

IMG_0167

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, чорабинии илмӣ – фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ – Аҳмадзода Зулфия, Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, шоири ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургмеҳри Баҳодур, ҳамзамон устодон, магистрантон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сухани ифтитоҳиро Аҳмадзода Зулфия оғоз намуда, меҳмононро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, иброз дошт,  ки Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг, пойтахти Тоҷикистон мебошад. Боиси фараҳмандии ҳар як сокини пойтахт аст, ки  шаҳри Душанбе бо идеяҳои тозаи шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ симояшро куллан дигар намуда, ба як шаҳри афсонавӣ ва зебоманзари сайёра табдил ёфтааст.

Абдулҳамид Самад зимни суханронии худ шукргузорӣ аз сулҳу субот намуда, қайд кард, ки ҳанӯз аз давраҳои пеш дар асарҳои барҷастаи адибони тоҷик ҷойҳои таърихӣ ва шаҳрҳо тавсиф карда мешуд, аммо яке аз хусусиятҳои тавсифи имрӯзаи мо, эҷодкорон, ба назм ва наср даровардани пойтахти маҳбубамон шаҳри – Душанбе мебошад, ки  имрӯз аз зебо шудани шаҳр, гулкориҳо, рушду равнақ ёфтани соҳаҳои гуногун дар шаҳр, гузаронидани чорабиниҳо, озмунҳову маҳфилҳои сатҳи ҷумҳурияви байналмилалӣ ба мо илҳоми тоза мебахшад. Имрӯз ҳамчун бошандаи кӯчаки ин сарзамини бузург моро лозим меояд, ки бо тамоми бузургиҳояш онро васфу ситоиш намоем, зеро он бузургмеҳанест, ки дилу дидаҳоро қарину барҷост. Душанбе маконест, ки саросар гулрезу гулбасару машҳуру дилорост. Биноҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театру донишкадаҳои бузург, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ, илова бар ҳамаи ин маркази сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодӣ буданаш Душанберо даҳчанд зебову овозадор мегардонад, – қайд кард А. Самад.

Бузургмеҳри Баҳодур, шоири ҷавон баён дошт, ки Душанбе бузургшаҳрест, тоҷиконро чун миллати бузургу номдор муаррифӣ мекунад. Ваќтеки дар кӯчаҳои ин шаҳри бузург қадам мезанем, беихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат мебарем. Даме, ки бо мардуми меҳмоннавозу бофарҳанг ва дорои маданияти баланди шаҳрнишинидошта вомехӯрем, беихтиёр нидо мекунем: Воқеан Душанбе макони мардони хирад, занони баору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст.

Душанбе шаҳрест зебову дилоро ва макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор.

       Дар рафти чорабинӣ донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз осори эҷоднамуди Абдулҳамид Самад ва Бузургмеҳри Баҳодур шеърҳо қироат намуданд. Инчунин донишҷӯёни навқалами Академия шеърҳои эҷоднамудаи худро дар васфи Ватан, Модар ва Душанбе пешкаш намуда, баҳои баланд гирифтанд.

      Дар охир аз ҷониби устодону донишҷӯён ба меҳмонон саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Аксҳо

Похожие записи