Дар Академияи идоракунии давлатӣ маркази ТИК ва автоматикунонии низоми таълим ташкил шудааст

IMG_0438

Автоматикунонии низоми таълими Академия яке аз роҳҳои аз ҳама асосии баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва хизматрасонӣ, назорати доимии донишҷӯ ва корманд, ташкили дурусти кор дар сохторҳо, дастрасӣ ба маълумоти аниқу дақиқ ва осон намудани кори кормандон мебошад. Бинобар ин, дар назди раёсати таълим маркази ТИК ва автоматикунонии низоми таълим ташкил шудааст, ки кормандонаш дар раванди автоматикунонии низоми таълими Академия фаъолона иштирок доранд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода изҳори назар намуд.

Абдухалил Ғафурзода  гуфт, ки соли 2020 Академияро  497 нафар,  аз ҷумла 32 нафарашон бо дипломи аъло  хатм карданд.

Азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ яке аз самти асосии фаъолияти Академия мебошад.

Соли 2020 дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ тибқи Нақшаи ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2020  26 курс баргузор гардид, аз ҷумла, 3 курси азнавтайёркунӣ, 15 курси такмили ихтисос дар заминаи Академия, 11 курси сайёри такмили ихтисос. Дар курсҳои мазкур 1318 нафар иштирок намуданд.

Дар маҷмӯъ дар 38 курс 1561 нафар шунаванда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба 1361 нафар Гувоҳнома, ба 95 нафар Шаҳодатнома ва ба 105 нафар Диплом тақдим гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ дар 19 курс машғулияти идоравӣ барои хизматчиёни давлатии сохторҳои гуногун гузаронида шуд.

 

Дар Академияи идоракунии давлатӣ маркази ТИК ва автоматикунонии низоми таълим ташкил шудааст

Похожие записи