ДАСТОВАРДИ МУҲИММИ ТАЪРИХӢ

IMG_3630

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР ҒАФУРЗОДА АБДУХАЛИЛ ДАВЛАТАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 26-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Рӯзи 6 нобяри соли ҷорӣ аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту шаш сол пур мешавад. Ба ин муносибат тамоми устодону кормандон, магистрону донишҷӯён ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми шарифи кишварро ба ин муносибат самимона табрик менамоям.

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузург ва қиёснашаванда на танҳо дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ, балки дар тӯли таърих мебошад. Он раванди рушди кишвар ва ҷараёни ташаккули афкори сиёсии ҷомеаро муайян намуда, имрӯз гуногунандешӣ, фаъолияти ҳизбу созмонҳои гуногун дар ҷомеа самараи он мебошанд. Мукаммалу дурбинона қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки он дар ҷаҳон ба қатори ДАҲгонаи Конститутсияҳои беҳтарин дохил шудааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба қабули ин санади муҳимми тақдирсоз иброз доштаанд: “Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад.”

 

Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакатро замина гузошт. Қабули Конститутсия имкон дод, ки дар Тоҷикистони офтобрӯяи мо сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона гардад.

 

Бе шубҳа тамоми марому мақсади халқи тоҷик, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат аз Конститутсия сарчашма мегиранд. Дар давоми солҳои амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит гардид, ки он пурра барои некрӯзии мо нигаронида шудааст. Натиҷаи дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғуланд.

 

Бо назардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои бузургу созандаи халқи тоҷик солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шуд. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия идомаи мантиқии ҳидоятҳои бузургу стратегии Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии давлатии ҷавонон аст. Тағйироти аз ҳама муҳим барои ҷавонон аз синни 35 ба 30 – солагӣ поён фаровардани синну соли номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе мебошад. Чун беш аз 60 дарсади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил дода, тасмими ворид кардани ин тағйирот бесабаб нест. Барои эътирофи ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа иродаи на ҳар нафар имкон медиҳад. Аммо Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҷавононро ҳамчун неруи муқтадир эътироф менамоянд, балки бо онҳо ифтихор дошта, дар такя ба ҷавонон ҳадафҳои бузурги давлатдории миллиамонро амалӣ карда истодаанд.

 

Дар воқеъ имрӯз сокинони кишвари мо ифтихор аз он менамоянд, ки Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои худро доранд ва соҳиби Ватану давлати соҳибихтиёр мебошанд.

 

Дар фарҷом бояд таъкид намуд, ки Конститутсия имрӯз чун шаҳодатномаи миллат ҳуқуқу озодиҳои моро таъмин намуда, баҳри бунёди зиндагии осоишта ва татбиқи орзуву ҳадафҳои некамон замина муҳайё сохтааст. Маҳз ин дастоварди бузурги фардосозу озодибахш ба ҳар яки мо имкон медиҳад, ки дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагии хушбахтона дошта бошем.

 

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!