ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ АКАДЕМИЯ ҲУНАРИ ПАЗАНДАГӢ МЕОМӮЗАНД

IMG_8706

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба ташкили курсҳои гуногуни ҳунаромӯзӣ барои ҷавондухтарон дар назди Раёсати тарбия ва кор бо ҷавонони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази “Бонувони фаъол” амал менамояд.

Дар заминаи ин марказ бо иштироки 20 нафар донишҷӯдухтарон курси омӯзишӣ таҳти унвони “Ҳамсол ба ҳамсол” доир гардид. Дар курси кутоҳмуддати омӯзишии ройгон донишҷӯён имкон доранд, ки пухтани шириниҳо, омода намудани хуриш ва хурокҳои миллиро омӯзанд.

Зимни боздид муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Зулфия Аҳмадзода иброз намуданд, ки дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омода намудани ҷавонон ба касбомӯзӣ, тайёр кардани онҳо ба ҳаёти мустақилона имкониятҳои нав ба нав фароҳам оварда шуда истодааст, ки ташкили курсҳои мазкур намунаи олии ин гуфтаҳост.

Шумо бояд соҳибҳунар, дорои касб ва шуғли пурмаҳсул бошед, то тавонед зиндагии минбаъдаи хешро босаодат гузаронед. Шахси ҳунарманд дар ҷомеа мақому манзалати махсус дорад ва тавассути ҳунари хеш он зиндагии иҷтимоии худро таъмин менамояд, – иброз дошт З. Аҳмадзода.

Таъкид гашт, ки Пешвои миллат борҳо зимни суханрониашон қайд намудаанд: “Ҷавондухтарон бояд дар баробари омӯхтани дигар ҳунарҳо аз нозукиҳои ҳунари пазандагӣ низ воқиф бошанд, то ба марҳилаи рӯзгордорӣ омода гарданд”.

Бо кӯмаки мутахассисони соҳибтаҷриба зимни курси омӯзишӣ чандин намуди шириниҳо, хӯриш ва таомҳои миллӣ омода карда шуда, духтарон бо тарзи тайёр намудани онҳо огаҳӣ пайдо карданд Курси мазкур муддати 5 рӯз доир карда шуда, дар охир иштирокдорон бо сертификат сарфароз гардонида мешаванд.

Аксҳо

Похожие записи