ЗАБОНИ МОДАРӢ – РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

забон аб

Ҷашни фархундаи забон ҷашнест, ки барои мо ҷашни одию даргузар набуда, рӯзи ҷашни забони аҳли биҳишт, забони париён, забони зиндасозу зинданигаҳдори Аҷам аст, ҷашни забоне, ки Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба он зиёда аҳамият медод, таваҷҷуҳи бисёре дошту фармонҳои хешро бо он ифшо мекард, забони нобу зебою шоирона, забоне, ки он аз соҳибистиқлолӣ, фарҳангпарварӣ ва тамаддунофарии давлатамон башорат медиҳад.

 

Дар ин рӯз ба забони модариамон чун ба модари худ арҷ мегузорем, таърихи худро варақгардон менамоем, роҳи тайкардаи забону фарҳангамонро пеши назар меорему сабақ меомӯзем.

 

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед,

То харф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

 

Забони мо тавоно ва рақобатпазир аст. Дар замони ғалабаи араб, вақте ки забони арабӣ дар як қисмати бузурги ҷаҳон фотеҳона қадам зада, забони бисёр давлатҳои муқтадири дунёи қадимро аз феҳристи забонҳои ҷаҳон нобуд мекард, забонҳои эронии мардуми Хуросону Мовароуннаҳрро фурӯ бурда натавонист. Дар миёни миллатҳои зиёди мутеи араб, ки забони арабиро пазируфтаанд, мо ягона мардуме будем, ки забони худро ҳифз карда, аз истиқлоли адабӣ маҳрум намондаем. Бо омадани забони арабӣ ҳолати дузабонӣ дар ҷомеа пайдо шуд. Ин аст, ки Низомии Ганҷавӣ дар достони “Лайлӣ ва Маҷнун” гуфтааст:

 

Туркисифатӣ вафои мо нест,

Туркона сухан сазои мо нест,

Он к-аз насаби баланд зояд,

Ӯро сухани баланд бояд!

 

Манзури ӯ аз насаби баланд насаби эронӣ ва сухани баланд сухани ноби форсӣ-дарӣ будааст.

 

Забони арабӣ дар натиҷаи ҷангу лашкаркашиҳо дар кишварҳои дигар паҳн шуд, ки дини Ислом омили асосии пешрафти ин забон дар кишварҳои ғайриараб  будааст. Аммо забони тоҷикӣ бар хилофи забони арабӣ боиси нобудии ҳеҷ забоне нашудааст. Баръакс, дар бисёр маврид барои тараққиву такомули забонҳои ҳамсоя мусоидат намуда, барои онҳо намунаи пайравӣ ва махзани луғот будааст.

 

Ҳамчунин бояд гуфт, ки нуфуз ва тавоноии ин забон ба ҳадде буд, ки на танҳо дар ҳавзаи илму фарҳанг, балки дар сиёсат ва давлатдорӣ низ ҳеҷ забони дигар бо вай рақобат карда натавонист ва қавму миллатҳои мухталифе, ки асрҳо дар ин сарзамин ҳукмронӣ карданд, онро на танҳо ҳамчун забони илму фарҳанг, балки ба ҳайси забони   давлату дарборҳои худ пазируфтанд. Ин ҷо байти ифтихорангези Унсурии Балхиро ёд овардан бисёр бомаврид аст:

 

Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,

Нагӯяд парӣ ҷуз бо лафзи дарӣ.

 

Гузашта аз ин мардуми шикастхӯрда, вале таслимнашудаи мо на танҳо забони худро ҳифз кард, балки сад сол аз ғалабаи арабҳо нагузашта, муқобили зулму фишори маънавии Араб бар Аҷам бархостанд. Созмондиҳандагону пешвоёни ин ҷунбиш эронитабор буданд.

 

 Саранҷоми зиндагии ин ватанпарастон бисёр даҳшатовар аст. Яке ба куфр муттаҳам шуд, Шоири нобинои эронӣ Исмоил ибни Ясорро барои шеърҳояш бо фармони халифаи араб, дар ҳавзи халифа андохта, сипас нимҷон ба Ҳиҷоз бадарға карданд ва Ибни Муқаффаъро аввал дасту по бурида дар оташ андохтанд ва сипас худашро дар ҳамон оташ сӯхтанд ва монанди ин.

 

Тавре мебинем, ин бузургмардон суннатҳои миллӣ ва таърихии миллати бофарҳанги худро ба қимати ҷон идома доданд.

 

Шодравон Бозор Собир дар як шеъраш чунин мегӯяд:

 

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

То наяфтанд аз забони хештан,

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,

То наяфтад дар замин қадри сухан.

 

Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Шояд дар ҷаҳон қавмеро камтар метавон пайдо кард, ки забони имрӯзаи он ба забони беш аз дуҳазору дусадсолааш чунин пайвастагии наздик дошта бошад. Мо забони Рӯдакию Фирдавсиро мисли забони имрӯзаи хеш мефаҳмему дарк мекунем. Бинобар ин, ҳамин забон дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ буд, имрӯз низ ба сифати забони давлатӣ қарор дорад. Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони шеъру шоирӣ, забони илму адаб бо покию шириниаш оламгир шуд.

 

Сарвари давлатамон Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон дар Рӯзи забон чунин қайд карданд: “Ба назари ман боз як хизмати бузурги шоҳони Сомонӣ, хусусан Исмоили Сомонӣ ҳифзи забони тоҷикӣ ва ба дараҷаи мақоми давлатӣ баланд бардоштани он мебошад”.

 

Каҳрамони Тоҷикистон устод С.Айнӣ чунин хотирнишон карда буд: “Тамоми халқи тоҷику форс, дар хусуси он ки баъд аз истилои араб мисли як миллат бо забон, адабиёт ва маданияти худ дар ҷаҳон боқӣ мондаанд, аз Сомониён миннатдоранд.”

 

Таҷассумгари беҳтарини забони ноби тоҷикӣ “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ бо сабки содаю зебост. Човидонии “Шоҳнома” пойдорию ҷовидонии забони мост. Империяҳои бузургу пурҳашамат яке баъди дигаре фурӯ рехтанд, вале илму донишу забон ва фарҳанги беназири мо бо гузашти айём тавонотар ва шикастнопазиртар мешуд. Хаким Фирдавсии Тӯсӣ дар байте мефармояд:

 

Биноҳои обод гарданд хароб,

З-и борону аз тобиши офтоб,

Паяфкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбанд газанд.

 

Бояд гуфт, ки дар татбиқи ин сиёсати забонӣ донишмандони кишвар фаъолона саҳм гирифта, доир ба бисёр масъалаҳои муҳими забони тоҷикӣ осори шоистае офаридаанд.

 

Ҳадафи асосии мо он аст, ки донишҷўён, махсусан насли ҷавони мо, огоҳ бошанд, ки ниёгони онҳо, сарфи назар аз номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд.

 

Ҳар як шаҳрванд, ҳар як шахси таҳсилкарда, бахусус, мутахассисони ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд, ки онро хуб донанду ҳифз намоянд. Бояд ин чашн аз ҷониби забоншиносон ва тамоми мардуми кишвар қадр карда шавад.

 

Агар як лаҳза хории забон бинам,

Суханҳои равонро норавон бинам.

Ба дасти нотавоне нотавон бинам,

Дилам бар Рўдакӣ сўзад, ба ҳоли зиндагӣ сўзад!

 

Сайёра Азимова,

ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ ва

 ҳуҷҷатнигориии Академия

Похожие записи