ЗАБОН – ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ХАЛҚ

забон

Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар ҳама давраҳои таърих инсоният ниёз ба забон дорад. Зеро маҳз тавассути забон инсонҳо ба ҳам мубодилаи афкор намуда, фикри якдигарро мефаҳманд ва паи ислоҳи нуқсонҳои ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст.

 

Инсон фикри худро бо роҳҳои гуногун (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи фикр забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Ҳамин тавр, вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расидаанд. Олимон тахмин мекунанд, ки дар дунё зиёда аз сеюним ҳазор забон арзи ҳастӣ мекунад, ки дар радифи онҳо забони модарии мо низ қарор дорад. Забони ноби миллати мо таърихи куҳан дошта, ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва ба гурӯҳи забонҳои эронӣ шомил мебошад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам буда, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст: забони порсии қадим, забони порсии миёна ва забони форсии нав. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, илму фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Маҳз ҳамин забон буд, ки ба хазинаи тамаддуни ҷаҳон нобиғагони илму фарҳанг, амсоли Одамушшуаро Абӯабдулло Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Ҳофизу Саъдии Шерозӣ, Камолу Ҷомӣ, Донишу Айнӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода, Лоиқу Бозор, Гулназару Гулрухсор ва боз даҳҳо абармардонро парвариш намудаву ба камол расонида ва эҳдо намудааст. Шояд ҳамин бузургию шаҳомати забони мо буд, ки Иқболи Лоҳуриро шефтаву шайдо сохта бошад:

 

Гарчӣ ҳинду дар узубат шакар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

 

Тоҷикон забони худро ниҳоят дӯст медоранд. Ҳарчанд дар тӯли таърих аз фишору таъқиботи аҷнабиёни ғосибгар ин забон бар пайкари зебояш захмҳо дорад, вале боз сари по истода, худро фотеҳи ҳама гуна майдонҳои базмию рамзӣ нишон додаву дода истодааст. Фарзонафарзандони он ҳамеша ҷонбозӣ доранд, ки забони модариашон дар баробари ҳифзи асолати таърихии худ, инчунин рушду равнақи ҷадидро низ касб намояду баҳри имрӯзу ояндаи миллат бедареғ хидмат намояд. Зеро маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Ба ин маънӣ шоири шаҳири тоҷик Бозор Собир дар шеъри “Забони модарӣ” чунин мегӯяд:

 

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,

То нафатад бар замин қадри сухан…

 

Бояд ёдрас гардид, ки ҳарчанд зимоми давлатдорӣ баъд аз асри Х аз дасти тоҷикон раҳо гардид ва аҷнабиёни ғоратгару ғосиб бо навбат сари тахти шоҳаншоҳии ӯ нишаставу ҳукмравои ин кишвари биҳиштӣ гардидаанду мафкураи худро барои соҳибони асосии ин марзу бум бо роҳи зӯрӣ бор намудаанд, вале қодир нагаштанд, ки забони ноби модарии моро аз доираи дарбор ва ё аниқтараш аз доираи давлатдорӣ дур андозанд. Зеро забони шукӯҳманду пиростаи мо ба онҳо ин имкониятро арзонӣ надошт. Ва худи эшон низ дарк намуданд, ки мумкин аст тоҷикро аз хонаву дараш ронд, вале наметавон ӯро аз забонаш маҳрум сохт. Охир ин забон ҳамроҳ бо шири модар омадаву бо ҷон аз ӯ бадар мешавад. Ҳамин буд, ки забони модарии мо дар замони салтанати Ғазнавиёну Шайбониён ва Темуриён мақоми шоистае касб карда, доираи васеъро фаро гирифт.

 

Баъди Инқилоби Октябр ва арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик оғоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Тавлиди осори безаволи устод Айнӣ, амсоли “Одина”, “Марги судхӯр”, “Ҷалодони Бухоро”, “Дохунда” ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуда, боғи фарҳангии миллатро зиннат доданд.

 

Минбаъд нависандагону шоирон ва олимони муосири тоҷик, мисли Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор, Муҳаммад Ѓоиб, Фарзона, Озарахш, Низом Қосим, Рустами Ваҳҳоб, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Расул Ҳодизода, Худоӣ Шарифзода, Абдунабӣ Сатторзода ва боз дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фурӯзон доштаву медоранд. Барҳақ, шоири тавоно Мӯъмин Қаноат васфу ситоиши забони модариамонро кардаву бо ифтихор мегӯяд, ки:

 

Баҳри ман танҳо забони модарист, ҳамчу шири модар аст,

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, чунки меҳри модар аст.

 

Оре, ҳастии ҳар як халқу миллат ба забони ӯ марбут аст. Ҳар як тоҷики Тоҷикистони азиз ва берун аз марзи он низ вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро ҳам баҳри фарогирии он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобаста аст. Рисолати таърихии мо дар он зоҳир мегардад, ки ин сарвати беназири миллатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоему баҳри омӯзиши забонҳои дигар низ ҳамаҷониба шароит фароҳам оварем. Зеро бузургони бофарҳангу илмдӯсти мо хуб фармудаанд, ки :

 

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Омӯхтани сад забон-ш осон гардад.

 

Ва ё афзудаанд:

 

Агар сесад забон донӣ фузун нест,

Ҳама рӯзат ба кор ояд забун нест.

 

Мақоми давлатӣ пайдо кардани забони модарии мо бори дигар моро водор месозад, ки ба гузаштаи боифтихори хеш нигоҳҳои худогоҳонаю худшиносона афканему баҳри аз худ намудани нозукиҳои забони давлатиамон саъю кӯшиш ба харҷ диҳем. Аз ин лиҳоз, беғалат навиштану донистани меъёр ва қоидаҳои забон ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин месозад. Илова бар ин, лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро тоза ва беолоиш нигоҳ доштани забон ва ба наслҳои пасин мерос гузоштани он вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Ҳақ ба ҷониби шоири зиндаёд устод Лоиқ, ки фармудааст: “Забон дирӯз, имрӯз ва фардои халқ, шиносномаи миллат дар масири таърих буда ва ҳаст”.

 

Сайидамир БОҚИЕВ,

донишҷӯи курси якуми факултети

дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи