Идомаи аксия – корҳои фаҳмондадиҳии Академияи идоракнуии давлатӣ дар кӯчаҳои пойтахт

изображение_viber_2020-05-13_12-39-50

Бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва ҳимматбаландии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои беҳдоштӣ ва ҳимояи солимии аҳолӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус COVID-19, ҳамарӯза миёни сокинони пойтахт корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонанд. Аз ҷумла, санаи 13 май чунин иқдом бо усули хона ба хона дар кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Гипразем маҳаллаи Навбаҳор ва хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус идома ёфт.
Намояндагони Академия доир ба риояи ҳолатҳои санитарию эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тозагию ободонӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим зимни баргузории аксия ба сокинону меҳмонони пойтахт маълумотҳои муфид пешниҳод намуданд.
Дар рафти аксия ба сокинон 300 адад ниқоб ва 500 адад варақаи тарғиботӣ тақсим карда шуда, дар онҳо оид ба тарзи истифодаи ниқоб, риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодабарии маҳлулҳои антисептикӣ маълумот дода шуд.
Зимни вохӯрӣ аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки зиндагиро дӯст доред, ба фардо хушбин бошед ва худу наздиконатонро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед, инчунин таъкид карда шуд, ки бе зарурият аз хонаҳояшон набароянд ва тавсияҳои табибонро риоя намуда, ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои таби баланд ва сулфаи хушк ҳатман ба беморхонаи маҳалли худ хабар диҳанд.
Қобили тазаккур аст, ки ниқоб ва маводҳои иттилоотӣ дар парки технологии Академияи идоракунии давлатӣ бо теъдоди лозимӣ омода гардида, давра ба давра дар мулоқоту вохӯриҳо ва аксияҳо ба сокинони пойтахт тақсим карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки то ба имрӯз аз ҷониби Академияи идоракунии давлатӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус COVID-19 миёни сокинону донишҷӯён бештар аз 25 маротиба аксияву вохӯриҳо баргузор гардиданд, ки дар рафти он 5500 ниқоб, ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба муассисаҳои табобатии шаҳри Душанбе аз қабили маводи хӯрока сарулибосҳои муҳофизатӣ ва дигар намуди маводи ниёзи аввал, инчунин 7 ҳазор варақаҳои тарғиботӣ ройгон тақсим карда шуд.

Аксҳо

Похожие записи