Идомаи конференсияҳои апрелӣ дар Академия

IMG_0362

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети дипломатия ва сиёсат таҳти унвони “Ташабусҳои байналмилалии Тоҷикистон” конференсияи илмӣ – амалӣ доир гардид. Он бо иштироки декани факултет Қодирзода Д.С., сардори раёсати илм ва инноватсия Салоҳиддинов В.Ю., муовини декан оид ба таълим Бобозода А., муовини декан оид ба тарбия Боронзода Б., муовини декан оид ба илм Иззатуллоева С., мудирон ва омӯзгорони кафедраҳо сурат гирифт.

            Конференсия бо суханронии декани факултет н.и.ҳ., дотсент Қодирзода Д.С. ифтитоҳ ёфт. Мавсуф аз баргузории конференсияҳои илмӣ миёни донишҷӯён ва устодон бахшида ба ҳафтаи илм изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон аз суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 таъкид намуданд, ёдовар шуд: «Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло бурдани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд».

Ҷиҳати иҷрои таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки дар муассиса бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, нутқ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён чунин нишастҳои илмӣ минбаъд низ пайваста баргузор карда шавад.

            Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳиддинов В.Ю.  қайд кард, ки баргузории чунин конференсияҳои илмӣ барои болоравии малакаи касбии омӯзгорон низ таъсиргузор хоҳад шуд.               Аз ҷониби чанд нафар иштирдорони конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардида, вобаста ба мавзӯъҳо суолу ҷавоб сурат гирифт.

Аксҳо

Похожие записи