Изҳороти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

covid19

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯз саросари сайёраи моро  бемории сироятии коронавируси навъи нави COVID-19 фаро гирифтааст, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон ва аҳолии сайёраро нигарон кардааст. Таъкиди ин нуқта зарур аст, ки имрӯз аҳли башар, тамоми кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ барои аз миён бардоштани ин муаммои хатарҳо талош меварзанд, ки ин барои ҳамаи мо манбаи умед аст. Дар ин росто, махсусан соҳаи  тандурустӣ, мақомоти дахлдори фаврӣ дар ин мубориза фидокорона иқдом менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз рӯзи хуруҷи бемории мазкур дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин тамоми тадбирҳои саривақтиро рӯи кор гирифтаанд. Зикри ин нуқта муҳим аст, ки тибқи маълумоти  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 шурўъ аз 1 феврал ба ҳолати субҳи рӯзи 30 апрели соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10937 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрўз 8438 нафар дар ҳолати муътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ситоди доимоамалкунанда, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор оид ба тақвияти корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди вируси нави COVID-19 дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҳамзамон, иқдоми шоиста, ки аз ҷониби Пешвои миллат рӯи кор гирифа шуд дар ин рӯзҳо аз мавқеи устувори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар шаҳодат медиҳад, ки аз 1 майи соли 2020 барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо карда шуд. Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд. Дар қатори ин иқдоми наҷиб, роҳбарияти сохторҳои дахлдори давлатӣ ба суратҳисоби мазкур кӯмакҳои молиявии худро расонида истодаанд. Ҳамзамон роҳбарияти Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа пайваста машварати видеои баргузор намуда, пайваста аз ҳолати мавҷуда ва иқдомоти пешгирифтаистода ба мақомоти зарурии давлатӣ иттилоотро дастрас менамоянд. Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ бо дарназардошти вазъи кунунии эпидемиологӣ, мусоидат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа, истифодаи таҷрибаи дигар кишварҳо дар мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 баррасӣ гардида, дар ин замина дастурҳои лозим ба дипломатҳои тоҷик дода шуданд.

Дар баробари ин ҳама боиси таассуф аст, ки расонаҳои фурсатталаб, манфиатхоҳ, афроди ноогоҳ ва иғвоангез байни мардум ба ҷойи тарғиби роҳҳои пешгирӣ аз сироят ба фитнаю дасиса даст зада, ба ин  қазия тобишҳои сиёсӣ медиҳанд. Намедонанд, ки дар ин муборизаи нобаҳангоме, ки саросари ҷаҳонро фаро гирифт, фақат иттиҳоду якдилӣ ва муборизаи дастаҷамъона метавонад, ки пирӯзиро бар ин вабои фарогир таъмин намояд. Ин тоифа аз вазъияти рӯзҳои сахти мардум истифода бурда, ба амалҳои номатлуб саргарм шудаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна хабарҳои дурӯғу беасосро паҳн намуда, тарсу ваҳмро дар дили мардум мехоҳанд зиёд намоянд, ки ин рафтор барои имрӯз ба ҳеч касе писандида нест. Мусаллам аст, ки пирӯзиро ҳама вақт иродаи мустаҳкам ва рӯҳияи қавӣ, ҳамдилӣ ва ҳамдастӣ таъмин месозад.

Раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми мардуми шарафмандӣ тоҷик даъват ба амал меорад, ки ба ҳангомаю воҳимаҳои беасос дода нашуда, барои ҳамдастиву ҳамдилӣ ва таҳаммулу рафоқат талош варзем, ки руҳияи нек ва эҳсоси рафоқату ҳамдилӣ ҳамаи моро тавонманд ва устувортар мегардонад. Бинобар ин имрӯз ҳар яки мо бояд дар роҳҳои пешгирӣ аз сирояти ин беморӣ бетараф набуда, саривақт аз маълумотҳои расмӣ огоҳ бошем ва иттилооти беасосу дурӯғро аз воқеият ҷудо карда тавонем. Таърих гувоҳ аст, ки вазниниҳои аз ин гаронро мардуми шикастнопазири  тоҷик  бо сари баланд паси сар кардааст. Пеш аз ҳама бо риояти қоидаҳои беҳдоштӣ метавон аз сирояти ин вирус дар амон буд.

Ин вирусро аксари одамон хеле ба осонӣ аз сар мегузаронанд, бинобарин дар ҳоли пайдошавии аломатҳои он аз қабили ҳарорати баланди бадан, беҳолӣ, сулфаи хушк набояд ба таҳлука афтид, балки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ худро хонанишин кард то наздикон олуда нашаванд ва бо табибон тамос гирифт. Дар баробари ин, барои баланд кардани масунияти худ ва хонавода аз меваю сабзавоти тару тоза, ки саросар витамину нерӯ мебошанд, истифода барем.

Ҳамзамон, аз кулли соҳибкорон ва саховатмандон даъват менамоем, ки дар арафаи ин моҳи шарифи Рамазон, ки бо авҷи хуруҷи ин бемории наҳс рост омад, дасти кӯмакро ба табибон, ниёзмандон ва беморону дармондагон расонанд. Бешубҳа, ин имтиҳони ҷиддие ҳаст, ки Худованд дар ростои бандагии мо инсонҳо қарор додааст ва яке  аз фазилатҳои неки мо тоҷикон ин дар рӯзҳои сахт дастгиру пуштибони якдигар будан аст. Он рӯз дер нест, ки пайравони Синои мо бо ин вирус пирӯз мешаванд, фақат ибораи Мавлонои бузургро бо таъбири «пирӯзӣ аз иттифоқ хезад, паркандагӣ аз нифоқ хезад», шиори худ қарор дода, саломатии худу наздиконамонро эҳтиёт намоем. 

Похожие записи