Интихобот – шакли олии изҳори иродаи халқ

IMG_0612

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии устодону донишҷӯён бо Қодирзода Абдуҷаббор – муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибов Муҳаммадҷон, ва Қодиров Далер – устодони ДМТ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки интихобот шакли олии изҳори иродаи халқ аст. Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор мекунад. Мувофиқи моддаи 1-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи маҷлиси вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқИнтихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати панҷ сол гузаронида мешавад”.

Қодирзода Абдуҷаббор, изҳор дошт, ки4 декабри соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расид.

Тибқи фармони мазкур интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот рӯзи 1 марти соли 2020 доир мегардад. Муқаррар гардидааст, ки интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 баргузор карда шавад.

Ҳамчунин, зикр гашт, кибо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунинҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани интихоботи парлумонӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар 46 ҳавзаи интихоботӣ ва  дар хориҷи мамлакат, дар 30 давлати ҷаҳон 39 участкаи интихобот ташкил карда шудааст. Соҳибов Муҳаммадҷон, вобаста иштироки шаҳрвандон дар интихоботи порлумонӣ суханронӣ намуда, иброз намуд, киинтихобот роҳи аз ҳама беш интишорёфтаи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии давлат буда, ҳамзамон дар ҷомеаи муосир ҳамчун низоми аз ҳама бештар демократии ташаккули сохторҳои роҳбарӣ ва идоракунии давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, табиист, ки ҳуқуқ ба ширкат дар интихобот, яъне интихоб намудан ва ё интихоб шудан аз ҳуқуқҳои волотарини ҳар як фарди ҷомеа шинохта шудааст. Дар баробари ин, таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот яке аз ҳадафҳои роҳбарияти сиёсии ҳар гуна кишвар мебошад.

Аксҳо

Похожие записи