ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Д.Раджабали

Истиқлолият ҳадафҳои муайянеро дар худ дорад, ки яке аз ҳадафҳои ибтидоии он бунёди давлати миллӣ, устувор намудани марзҳои сиёсиву ҷуғрофӣ, рушди босубот ва робитаҳои амну осоиштаи шаҳрвандон дар дохили кишвар мебошад. Хушбахтона, давлати маҳбубамон Тоҷикистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ бо шарофати талошҳои хастанопазири роҳбари оқилу соҳибхирадамон, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти худро бо маънои томаш ҳифз ва мустаҳкам нигоҳ доштааст.

 

Баъди ба истиқлолият расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳуқуқии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёду дунявӣ дар арсаи байналмилалӣ муайян ва эътироф гардид. Истиқлолият барои рушду такомули арзишҳои аслии миллӣ заминаи мусоиди сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимову фарҳангӣ муҳайё намуд.

 

Дар раванди рушду такомули давлатдории миллӣ даврони наве падид омада, бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳои миллии давлатдорӣ аз нав эҳё гардиданд. Чуноне ки Пешвои миллат қайд менамоянд: “Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид. Марҳалаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт”. Ин падидаро бояд ҳамчун самараи сиёсати оқилона ва пайгиронаи Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мамлакати соҳибистиқлолу мустақили худ арзёбӣ намоем.

 

Ҳоло бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бо амалӣ шудани сиёсати миллии давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба анҷом расидааст, ки ҳамаи онҳоро наметавон дар як мақола ном бурд.

 

Нахуст бояд зикр намуд, ки барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва нигаҳдошти якпорчагии марзу бум қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифодаи комил қарор гирифтани он мебошад. Зеро барои расидан ба як давлати миллии комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсия таъмин намояд. Банобар ин, соли 1994 якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби оммаи халқ нишони эътирофи ҳукумати қонунӣ ва соҳибистиқлолиро далолат менамояд.

 

Дувум, дар даврони истиқлол ба соҳаи илму маориф иқдоми нав роҳандозӣ гардида, як қатор барномаҳои мукаммал ҷиҳати ислоҳоти куллӣ ва навсозӣ татбиқ гардиданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки системаи маориф муҳимтарин рукни иҷтимоӣ-фарҳангии рушди ҷомеа мебошад. Зеро ба низоми омӯзиш тамоми табақаҳо ва қишрҳои мухталифи иҷтимоии аҳолӣ иртибот дорад. Истиқлолият ба системаи маориф дар сатҳи марказӣ ва маҳаллӣ бо мақсади сабукгардонии дастрасии гирифтани маълумоти хушсифат ва ноил гардидан ба баробарии гендерии ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба ислоҳоти бунёдӣ мусоидат намуд. Ҳамгунсозии ислоҳот дар ин восита имкон дод, ки соҳаи илму маориф дақиқ густаришу поягузорӣ шавад.

 

Гузашта аз ин, дар давоми соҳибистиқолӣ мақоми ҳуқуқии забони мо ҳамчун забони давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва 05 октябри соли 2009 қабул гардид. Забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад. Баъд аз қабули қонун истифодаи самарабахши забони давлатӣ дар тамоми зинаҳо имкон дод, ки густариш пайдо кунад ва таҳияи садҳо ҳазор китобу воситаҳои таълимӣ бо забони давлатӣ поягузорӣ шаванд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ” (05.10.2018) иброз намуданд, ки “…забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар пойдор гардид ва давлат забонро дар паноҳи сиёсии худ қарор дод”.

 

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчунин имкон дод, ки дар баробари таҳким бахшидани сиёсати гуногунҷабҳаи давлатдории миллӣ сиёсати берунии кишвар низ тараққӣ ва густариш намояд. Роҳбари давлат бо назардошти воқеоти ҷаҳонӣ ва тақозои рӯз, давра ба давра санадҳои танзимкунандаи сиёсати хориҷиро таҳрезӣ намуданд. Дар моддаи 11 Конститутсия сиёсати хориҷии кишвар ба тариқи зайл муайян гардидааст: “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад”. Ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманди ин ҷониб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқиву Ҷанубӣ ва ғайра густариш ёфтанд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат бамаврид иброз намуданд, ки “Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад”. Ин суханон, ки бешубҳа ба густариши равобити байналмилалӣ дахл доранд, сиёсати миллии тоҷиконро дар худ побарҷо нигаҳ дошта, бо он ҳамкориҳои созандаи бунёдӣ офарида шудаанд, ки худшиносии миллати тоҷикро дар тӯли таърих нигоҳ медорад ва ҳамин аст, ки сиёсати муваффақ ва созандаи хориҷии имрӯзаи Тоҷикистон бо 140 кишвари олам робитаҳои ҳасана ва дипломатӣ барқарор намудааст.

 

Ниҳоятан метавон зикр намуд, ки дар замони истиқлолият ҷомеаи навини мо дар татбиқи сиёсати ободгаронаву созандаи Пешвои миллат фаъолона ширкат намуда, тавонист дар роҳи рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор гузорад ва пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддини муосир таъмин намояд.

 

Ин ҳама падидаҳои мусбат боиси он гардидааст, ки мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қавитар ва таҳқиқу омӯзиши истиқлолият ва ҳифзу таҳкими рушди босуботи он барои дигар давлатҳои аз ҷиҳати тарақиёт ва амну осоишта заиф омӯхта шавад.

 

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,

мудири кафедраи забони тоҷикӣ

ва ҳуҷҷҷатнигории Академия

 

Похожие записи