ИҶТИМОИШАВИИ ҶАВОНОН ДАР ТАҒЙИРЁБИИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

ҷавоно

Дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта шуда, қишри аз нигоҳи идеологию сиёсӣ ҳассосу қобили меҳнати ҷамъиятие маҳсуб мешаванд, ки дар ояндаи наздик раванду тақдири ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, яъне сурату сирати фардои ҷомеаро муайян хоҳанд намуд.

 

Иҷтимоишавӣ раванди ташаккулёбии шахс, ки тавассути аз ҷониби инсон аз худ намудани арзишҳо, меъёрҳо, нишондодҳо ва намудҳои рафтори қабулшудаи ҷомеа имконпазир буда, ҳамчун раванди нисбатан васеъ дар асоси аз худ кардани арзишҳои иҷтимоӣ ва тарзҳои рафтори барои ҷомеа муфид, ташаккул додани қобилияти шахс барои зиндагӣ дар ҷомеа  мебошад.

 

Коршиносони соҳаҳои мухталифи илм, сиёсат, иҷтимоиёт, психологон марҳилаи гузариши ҷомеаи тоҷик мутобиқшавии чавононро дар ин раванд мавриди омӯзиш қарор додаанд. Муҳаққиқи варзида Махфират Хидирзода бобати мутобиқшавии ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза чунин иброз менамоянд “… устувории мафкуравӣ яке аз омилҳои муҳимме арзёбӣ мегардад, ки тавассути он раванди мутобиқати иҷтимоӣ метавонад самаранок амалӣ гашта, шахс мавқеи устувори худро дар ҷомеа пайдо намояд. Бинобар ин, мунтазамӣ ва пайвастагии мантиқӣ дар пешбурди фаъолияти маърифатию идеологӣ, ба инобат гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ дар пешниҳоди иттилооти зарурӣ, истифода аз неруи он қишрҳои иҷтимоие, ки дар байни онҳо ин корҳо амалӣ карда мешаванд, амри зарурӣ мебошанд”.

 

Имрӯз моро зарур аст, ки дар тафаккури ҷомеаи ҷавонон арзишҳои ахлоқӣ, худшиносӣ, фарҳангиро ҷой диҳем.

 

Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти ҷавонони кишвар низ тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд, ки фаъолияти ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо, кумаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиашон дар қатори масъалаҳои муҳимтарини рӯз гузошта шудааст. Воқеан ҳам, масъалаи зиракии сиёсии ҷавонон яке аз мавзӯъҳои муҳим буда, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа вобаста аст.

 

Ҷомеа ба ҷавонони солим ниёз дорад ва ин ниёзҳо тавассути тафаккури солим дар вуҷуди ҷавонон бояд ҷой дод. Ҷавонони солим ва ихтисосманд ивазкунанда ва давомдиҳандаи насли калонсол, нерӯи воқеии пешрафти давлат ва ояндаи ҷамъияту миллат ба ҳисоб мераванд.

 

Дар ҷомеаи муосир нисбат ба неруи ҷисмонӣ, неруи ақливу зеҳнии ҷавонон то ҳадде бартарият пайдо намудааст, ки яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат ин идеяву назарияҳои нав мебошад.

 

Пешрафти ҷомеаи демократӣ на танҳо аз раванди бомуваффақонаи ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин аз сиёсати дурусти давлатии ҷавонон, дастгирии онҳо ва иштироки фаъоли ҷавонон дар корҳои ҷамъиятӣ, идоракунӣ ва умуман ҳаёти иҷтимоӣ вобастагии калон дорад.

 

Ҷавонон гурӯҳи калони иҷтимоӣ-демографӣ буда, нишонаҳои иттиҳоди ҷамъиятиро ба худ касб намуда, сифати иҷтимоӣ-психологӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва дигар хусусиятҳо, аз ҷумла тарзи ҳаётро доро буда, раванди иҷтимоишавиро аз сар мегузаронанд ва дар таносуб бо талаботи замон бояд офаранда ё асосгузори ҳақиқати маданӣ ва ҷамъиятӣ бошанд.

 

Ҷавонон дар марҳилаи умри худ заминаи дастовардҳои шахсии минбаъдаи худро мегузоранд, дар ин ё он соҳа ба дастовардҳо ноил мегарданд. Дар ин давра онҳо арзишу меъёрҳо ва урфу одату анъанаҳои иҷтимоиро пурра дарк намуда, кӯшиш менамоянд рафторашонро ба он мувофиқ гардонанд. Бо пешрафту инкишофи саноат ва воситаҳои коммуникатсионӣ давраи ҷавонии умри инсон бо давраи камолот омехта шуда истодааст.

 

Сотсиолог Бернис И. Нойгартен назарияи «ҷамъият новобаста аз синну сол»-ро кор карда мебарояд, ки мувофиқи он меъёрҳои алоҳидаи синнусолӣ вуҷуд надоранд, зеро дар синни 28-раиси шаҳр, синни 30 –идоракунандаи бонк, 35-солагӣ бибӣ, 65-солагӣ падар ва 70-солагӣ донишҷӯ шудан дигар ҳодисаи нодир нест.

 

Ҷавонон табақаи иҷтимоии ҷомеа ҳастанд, ки аз як тараф сарчашмаи ба вуҷуд омадани низоми нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ахлоқӣ гарданд, аз тарафи дигар ҳамчун сарчашмаи пайдошавии ҷиноят, нашъамандӣ, шиддатнокии иҷтимоӣ баромад намоянд.

 

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи моро барои оянда муайян сохт. Худшиносии миллӣ, дарки ватандорӣ, ҳаллу фасли мустақилонаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ аз муҳимтарин рукнҳову суннатҳои даврони истиқлолият аст. Имрӯз ҳар ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки шукуфоии давлату ҷомеа аз рафтору кирдори ӯ вобаста аст.

 

Дар шароити имрӯз таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва талошу кӯшиши онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инкишофи кишвар маҳсуб мегардад. Ташаккулу боло бурдани маърифати сиёсии ҷавонон моро водор месозад, ки ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва тамоми кишварҳову минтақаҳои мухталифи олам ба вуқӯъ меоянд, баҳои воқеъона дода, мавқеи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем.

 

Неруи ҷавонон рӯди саршорро мемонад, ки агар он дуруст истифода шавад, ҳаётро обод месозад. Бигзор ин рӯд аз чашмасори ваҳдат маншаъ гирад ва бо гузашти қарнҳои зиёд хушкнашаванда бошад.

 

КОРМАНДОНИ КАФЕДРАИ ПСИХОЛОГИЯ

 ВА СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ

Похожие записи