НИШАСТИ МАТБУОТИИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

IMG_0428

16 феврали соли ҷорӣ дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди намояндагони расонаҳои иттилоотии дохили кишвар, аз қабили шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, «Ҷаҳоннамо», «Сафина», “Душанбе HD”, Агентии миллии иттилоотии “Ховар”, рӯзномаҳои «Ҷумҳурият”, «Садои мардум», «Народная газета», “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон» иштирок намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар маҷмуъ, дар нишасти матбуотӣ 20 нафар рӯзноманигорон ширкат намуданд.

Дар оғоз Ректори Академия Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ оид ба дастовардҳои соли 2020 ва нақшаҳои оянда ба таври муфассал ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд. ки дар ин давра Академия фаъолияти худро дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», инчунин «Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон то соли 2020»ба роҳ мондааст.

Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки бузургтарин дастоварди Академия дар соли 2020 бо дастгириҳои Пешвои миллат ба Академия табдил дода шудани Донишкада буд, ки ҷомеаи устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантонро боз ҳам руҳбаланд намуд.

Абдухалил Ғафурзода, вобаста ба ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ иттилооти заруриро пешниҳод намуд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар соли 2020  4 нафар унвонҷӯён рисолаи номзадиашонро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019, давоми соли 2020 дар заминаи Китобхонаи илмии Академия китобхонаи бадеӣ-сиёсӣ бо ғунҷоиши 5 ҳазор китоб таъсис дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби масъулини Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ҷилди III китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” аз чоп баромад.

Дар ин сол Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 497 нафар бомуваффақият хатм карданд, ки аз ин шумор 32 нафарашон бо дипломи аъло хатм намуданд.

Азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ яке аз самти асосии фаъолияти Академия буда, дар маҷмӯъ дар 38 курс 1561 нафар шунаванда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба 1361 нафар «Гувоҳнома», ба 95 нафар «Шаҳодатнома» ва ба 105 нафар «Диплом»  тақдим гардид.

Дар идома ба саволҳои рӯзноманигорон дар мавриди нақшаҳои ояндаи ҳайати устодону кормандони Академия Ректор иброз дошт, ки дар назди Академия бахшида ба 20-солагии таъсисёбии СҲШ ва дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи “Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон” ба нақша гирифта шудааст.

Илова бар ин, Академия бо Бунёди Роза Люксембург ҳамкориҳоро ба роҳ монда, лоиҳа дар мавзӯи “Таъмини хизматрасониҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд” дар марҳилаи саршавии татбиқ қарор дорад.

Инчунин, бо Фонди Ҳаннс Зайдел лоиҳаи “Худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон: назария, амалия ва дурнамои рушд” ва барномаи магистрии муштарак барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои баррасӣ пешниҳод гардидааст.

Зимни нишаст асосан вобаста ба масъалаҳои вазъи таъмини донишҷӯёни Академия бо ҷойи корӣ пас аз хатм, имкониятҳо ба шахсони ниёзмандиҳои хос, фаъолияти шуъбаи таҳрир ва табъу нашр, нашри маводҳо бо забони русӣ, фаъолияти маркази мубориза бо терроризм, худшиносӣ, имтиёз барои хатмкунандагони дорои дипломи аъло, самтҳои мавзӯъҳои корҳои илмии муҳаққиқоне, дар Академия фаъолият менамоянд ва монанди ин пурсишҳо ба амал оварда шуданд.

 

 

Похожие записи