КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНӢ  БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

IMG_0080

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки солҳои 2019-2020 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.

Ифтитоҳи расмии он субҳи имрӯз, 1 феврал бо иштироки Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич – директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ғанизода Ибодат Ғанӣ – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия сурат гирифт.

Зимни ифтитоҳи курси мазкур зикр шуд, ки дар доираи татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон ва санадҳои барномавии дахлдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ рӯз аз рӯз тақвият меёбад. Дар робита ба ин, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мунтазам такмил додани донишҳои ҳуқуқӣ ва соҳавии хизматчиёни давлатии ҷавон ҳамасола дар Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ курсҳои азнавтайёркуниро барои хизматчиёни давлатие, ки солҳои 2019-2020 ба хизмати давлатӣ дохил шудаанд, пешбинӣ менамояд.

 

 

Бояд тазаккур дод, ки ба курси мазкур зиёда аз 100 нафар хизматчиёни давлатӣ фаро гирифта шудаанд.

Курс то 20 феврал идома ёфта, тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс машғулиятҳо вобаста ба масъалаҳои муҳимми соҳаи хизмати давлатӣ ва соҳаҳои дахлдор, аз ҷумла, асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсия, стратегия ва дурнамоҳои давлатӣ дар рушди хизмати давлатӣ, этика дар соҳаи хизмати давлатӣ, техникаи таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мақомоти давлатӣ, масъалаҳои гендерӣ дар низоми идоракунӣ, татбиқи коргузории электронӣ дар мақомоти давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа омӯзонида хоҳад шуд.

Дар интиҳои курси мазкур дар мавзӯи “Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” бо иштироки роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Агентии хизмати давлатӣ миззи мудаввар баргузор гардида, баъд аз суҳбат – санҷиш ба хатмкунандагон шаҳодатномаҳои хатм супорида мешавад.

 

Аксҳо

Похожие записи