КУРСИ САЙЁРИ АЗНАВТАЙЁРКУНӢ АЗ РӮИ БАРНОМАИ “АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

photo_2021-06-14_11-47-15

Имрӯз, 14 июни соли 2021 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки солҳои 2019-2020 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, курси сайёри азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.

 

Зимни ифтитоҳи расмии курс директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ғанизода Ибодат Ғанӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Нуруллозода Фирӯза, мутахассии пешбари шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд Ҷаҳонзода Рухшона Фарҳод, сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Раҷабов Шуҳрат иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Ғанизода Ибодат Ғанӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки курсҳои такмили ихтисос василаи хуб барои такмили дониши хизматчиёни давлатӣ мебошанд. Хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои мазкур донишҳои худро васеъ карда, дар раванди кору фаъолият омӯхтаҳои хешро ба роҳ мемонанд, ки дар натиҷа ба беҳ шудани сатҳу сифати кори онҳо боис мегарданд.

 

Курси зикршуда то 19 июн идома ёфта, барои шунавандагони курс тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмун ҳамчун яке аз усулҳои интихоби ҳайат, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, ташаккули Тоҷикистон ва низоми идоракунии он, хусусиятҳои психологии таъсири роҳбар ба зердаст, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, тарзи таҳияи дурусти матн дар мақоми давлатӣ, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ, мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ, этикет дар соҳаи хизмати давлатӣ, психологияи муоширати касбӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

 

Дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ гардидааст.

 

Ҳамчунин шунавандагони курс пас аз суҳбат-санҷиш соҳиби гувоҳнома мегарданд.

Похожие записи