КУРСИ САЙЁРИ АЗНАВТАЙЁРКУНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

photo_2021-09-27_15-22-21

Имрӯз, 27-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки солҳои 2019-2020 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, курси сайёри азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.

 

Зимни ифтитоҳи расмии курс директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ғанизода Ибодат Ғанӣ, сардори раёсати кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Убайдуллозода Фаррух, сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлати дар вилояти Хатлон Солиҳов Абдулхайр, устоди Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раупова Манзура, сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Раҷабов Шуҳрат иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Ғанизода Ибодат Ғанӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки курсҳои такмили ихтисос василаи хуб барои такмили дониши хизматчиёни давлатӣ мебошанд. Хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои мазкур донишҳои худро васеъ карда, дар раванди кору фаъолият омӯхтаҳои хешро ба роҳ мемонанд, ки дар натиҷа ба беҳ шудани сатҳу сифати кори онҳо боис мегарданд.

 

Курси зикршуда то 2-юми октябри соли ҷорӣ идома ёфта, барои шунавандагони курс тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули Тоҷикистон ва низоми идоракунии он, Пешвои миллат –роҳбару роҳнамои ҷавонон, сиёсати давлатии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусиятҳои психологии таъсири роҳбар ба зердаст, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, тарзи таҳияи дурусти матн дар мақоми давлатӣ, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ, этикет дар соҳаи хизмати давлатӣ, психологияи муоширати касбӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

 

Дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” пешбинӣ гардидааст.

 

Дар фарҷом шунавандагони курс пас аз суҳбат-санҷиш соҳиби гувоҳнома мегарданд.

Похожие записи