КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

IMG_4629

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони пешбар (мутахассисон)-и Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи “Сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” курси такмили ихтисос оғоз гардид.

 

Имрӯз, 17 май зимни ифтитоҳи расмии он Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Рауфзода Муҳаммадюсуф – намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақсатуллозода Парвиз – муовини сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Ибодат Ғанӣ – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Акадмия, ширкат ва суханронӣ карданд.

 

Ректори Академия дар ифтитоҳи курс иброз дошт, ки имрӯзҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ бо вуҷуди дастовардҳои назаррас мушкилиҳоро низ дучор омадан мумкин аст. Аз ҷумла дар самти кор дар хадамотҳои муҳоҷират низ мушкилиҳоро вохӯрдан мумкин аст. Бо назардошт ва бартараф намудани кучактарин масъалаҳои ҷойдошта курси мазкур роҳандозӣ гардида, шумо, шунавандагони курс, мавзӯъҳои муҳиму лозимаро барои тақвият додани фаъолияти хизматии худ аз худ мекунед.

 

Ба мо маълум аст, ки вобаста ба афзудани миқёси муҳоҷирати байналхалқӣ паёмадҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии он дар аксар кишварҳои дунё якҷоя бо аҳаммияти он дар сиёсати соҳаҳои мазкур меафзояд. Бо дарназардошти ин дар шароити муосири Тоҷикистон нақш ва аҳамияти сиёсати давлатии муҳоҷират дар дурнамои миёнамуҳлат меафзояд, ки зарурати ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти муҳоҷирати дохилию хориҷии аҳолии мамлакатро муқаррар мекунад.

 

Курси зикршуда то 22 май идома карда, барои шунавандагон тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), таърихи пайдоиши муҳоҷират дар дунё, сиёсати молиявӣ ва идоракунии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, қонунгузории муҳоҷирати аҳолӣ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол: хусусиятҳо ва самтҳои асосии рушди он, таҷрибаи байналхалқӣ оид ба истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба занон ва оила, самтҳои нав дар раванди муҳоҷират: муҳоҷират-бозгашт, саҳми муҳоҷирати меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар машғулиятҳо гузаронида хоҳанд шуд.

 

Ҳамзамон, дар идомаи курс шунавандагон оид ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин иттилоъ хоҳанд гирифт.

 

Дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ: ҳолат ва дурнамо” пешбинӣ гардидааст.

 

Ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома дода мешавад.

Похожие записи