КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ МУДИРОНИ ШУЪБАҲО (БАХШҲО)-И ДИН, ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТҲО, ШАҲРУ НОҲИЯҲО

IMG_2161

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мудирони шуъбаҳо (бахшҳо)-и дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи “Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим” оғоз гардид.

 

Ифтитоҳи расмии он рӯзи 9 март бо иштироки Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Олимзода Фарухулло Кароматулло – муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Ибодат Ғанӣ – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ сурат гирифт.

 

Курс то 13 марти соли ҷорӣ идома ёфта, тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс машғулиятҳо вобаста ба масъалаҳои умдатарини танзими анъана ва ҷашну маросим, аз ҷумла, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”: моҳият ва мавзӯи он”, тарзи тартиб додани протоколҳои маъмурӣ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин: ҳадаф ва натиҷагирӣ аз он, асосҳои ҳуқуқии омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ, дастовардҳои қонуни миллӣ дар тӯли дувоздаҳ соли амал омӯзонида хоҳад шуд.

 

Ҳамзамон, зимни курси мазкур ба шунавандагон вобаста ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, коррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ: манбаъ ва омилҳои он, сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, этика дар соҳаи хизмати давлатӣ, услубҳои таҳияи ҳисобот ва гузориш дар мақомоти давлатӣ ва амсоли ин иттилои муфассал дода мешаванд.

 

Дар интиҳои курси мазкур дар мавзӯи “Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим: масъалаҳои ҳалталаб ва дурнамо” бо иштироки роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардида, пас аз суҳбат-санҷиш ба хатмкунандагон шаҳодатномаҳои хатм супорида мешаванд.

 

Аксҳо