ВОХӮРИИ ЛЯКИН-ФРОЛОВ ИГОР СЕМЁНОВИЧ БО УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ АКАДЕМИЯ

IMG_4351

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии устодону кормандон ва магистрантону донишҷӯёни Академия бо Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор Семёнович дар мавзӯи “Ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар ҳама соҳаҳо тавсеа меёбанд” доир гардид.

 

Вохӯрӣ дар доираи ҳамкориҳои босамари дуҷониба ва узви комилҳуқуқи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Ҳамкории Шанхай будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор шуд.

 

Чорабиниро Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия бо назардошти воқеияти муосир устуворона ва давра ба давра тавсеа ёфта истодаанд. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хоса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст. Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлол ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Боздиди расмии сарони ду давлат, ки моҳи апрели соли 1999 дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия ба вуқуъ пайваст, далели рушди собитқадамона ва таҳкимбахши муносибатҳои шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия гардид, ки дар рафти он “Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба асри XXI нигаронидашуда”, “Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи ҳарбии Россия дар ҳудуди Тоҷикистон” ба имзо расиданд.

 

Сипас, Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор Семёнович ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми аҳолии Тоҷикистонро ба муносибати 76-умин солагрди Иди Ғалаба табрик намуда, иброз дошт, ки саҳми фиристодагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ғалаба бар зидди фашизм хеле калон буда, барои ба даст овардани зафар ҳазорҳо ҷавонмарди тоҷик бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 270 000 ё тақрибан панҷяки аҳолии вақти ҷумҳурӣ ширкат карда, қариб 90 ҳазори онҳо дар ҷанг кушта шуданд. Ҳамчунин, 56 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин набардҳо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар бо се дараҷаи ордени “Шараф” ва даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд.

 

Ҳамчунин ӯ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Россия оид ба аксарияти масъалаҳои консептуалии сиёсати байналмилалию минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳамкориҳои босамар дар доираи чунин созмонҳои байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоти Иқтисодии АвруОсиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигарҳо аҳамияти муҳим дода мешавад.

 

Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 8-9 майи соли ҷорӣ шоҳиди боз як сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсия Россия гардидем. Дар доираи ин сафар масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду кишвар, ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд. Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ба робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва амниятӣ аҳаммияти хосса зоҳир карда шуд.

 

Мавриди ба зикр аст, ки Тоҷикистон соли равон давраи раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ӯҳда дорад.

 

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни магистратону донишҷӯёни Академия ва Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор Семёнович саволу ҷавоб сурат гирифт.

Похожие записи