МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ “МАРКАЗИ ОМӮЗИШӢ ВА ДАСТГИРИИ ЗАНОНИ РОҲБАРИКУНАНДА ВА БОЛАЁҚАТ”

IMG_4043

21 феврали соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо марбут ба масъалаҳои занон, баланд бардоштани иқтидори зеҳнии онҳо, рушди захираи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, дарёфт ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани мавқеи устувори занон дар ҷомеаи рушдёбанда “Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат” ифтитоҳ гардид.

 

Маросими ифтитоҳи марказ бо иштирок ва суханронии Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилобӣ, директори Агентии хизмати давлатии назди Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа ва шарикони хориҷии Академия аз қабили Намояндагии СММ – Занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Бунёди кӯдакони Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) доир гардид.

 

Зимни ифтитоҳи Марказ Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ зикр намуд, ки “Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат” дар заминаи Академияи идоракунии давлатӣ дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои Намояндагии СММ – Занон дар Тоҷикистон бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ таъсис ёфтааст.

 

Ҳамзамон, қайд кард, ки Маркази мазкур заминаи мусоидро баҳри рушд ва дастгирии занон ва баланд бардоштани малакаю маҳорат ва донишҳои касбии онҳо фароҳам хоҳад овард.

 

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилобӣ зимни суханрониаш аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки иброз доштаанд: “Симои зани тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсии кишвар бояд шинохта шавад, чунки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, зан бояд рисолати роҳбарӣ дошта бошад”. Ин ғояи хирадмандонаи Сарвари давлат тадриҷан аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Ташаббус ва хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мақоми зан дар ҷомеа ба арши воло расида, ҳуқуқ ва озодиҳои бонувон аз нигоҳи нав ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуданд”.

 

Бо назардошти нуктаҳои болозикр, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд, дар заминаи баргузории чорабинии мазкур миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ – Занон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

 

Бояд тазаккур дод, ки Академия бо истифода аз имкониятҳои пуриқтидори моддию техникӣ, иқтидори зеҳнӣ, салоҳиятҳои касбии ҳайати профессорону омӯзгорон ва сарчашмаҳои зиёди илмию таълимӣ барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси хизматчиёни давлатӣ, такмил ва рушди маҳорату малакаи касбии онҳо ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии хеш то имрӯз як қатор чораандешиҳо намудааст, ки таъсиси Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат низ аз зумраи чунин тадбирҳост.

 

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба мавқеи зан таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд. Мусаллам аст, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.

 

Дар маҷмӯъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун марҳилаи нави давлатдорӣ муносибатҳои мавҷудаи иҷтимоию сиёсӣ бознигарӣ шуда, вобаста ба тақозои замон низоми нави муносибатҳо роҳандозӣ карда шуд. Дар ин раванд баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.

Похожие записи