МАСЪАЛАҲОИ ТАҚВИЯТИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

50877055517_4f04847be1_o

26 январи соли равон  Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар ҷумҳурӣ” ироа гардид.

 

Пешвои миллат дар оғози суханрониашон қайд намуданд, ки соли сипаригардида барои тамоми кишварҳои ҷаҳон вобаста ба таъсири пандемия аз нигоҳи молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле мураккаб буд, ки Тоҷикистони мо низ аз ин вазъи мураккаби ҷаҳон канор намонд.

Аммо ба ҳамаи мушкилоти иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоӣ нигоҳ накарда, Ҳукумати мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, рушди иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии табақаҳои мухталифи аҳолии кишварро таъмин намуд. Сарвари давлат иброз намуданд: “Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки бо назардошти ин, новобаста ба вазъи пуртазоди ҷаҳони муосир ва мушкилоти иқтисодию молиявӣ тақрибан 50% буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан барои дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва соҳаҳои дигари иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маориф ва тандурустӣ равона гардид. Дар соли 2020 вобаста ба паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд, ки ҳамаи дар натиҷаи бознигарии буҷети давлатӣ амалӣ гардид.

Ҳангоми ироаи Паём Пешвои миллат дар суханрониашон аз ҷумла қайд намуданд: “Соли 2020 барои тақвият бахшидани дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат як қатор чораҳои судманд роҳандозӣ гардида, ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохта шуданд. Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд”.

Дар баробари ин,  дар Паёми  навбатӣ Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақом олии намояндагии кишвар таъкид намуданд: “Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод менамоям, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад”.

Бояд қайд намуд, ки дар чунин шароити вазъи мураккаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус, ки дар шароити пандемия кишварҳои ҷаҳон сарҳадҳои давлатиро барои рафту омади озоди одамон бастаанд, буҳрони иқтисодию молиявӣ ба вуҷуд омада, таъсири худро ба буҷети кулли кишварҳои сайёра гузоштааст, дастгирии саховатмандонаи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ва махсусан табақаҳои осебпазири аҳолӣ, сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мардуми Тоҷикистон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои соҳаи маорифро дар замони Истиқлол дар муқоиса ба оғози солҳои 90-уми асри сипаригардида таҳлил ва муқоиса намуда, бо рақамҳои мушаххас мисол оварда қайд намуданд, ки дар ин самт дар тамоми зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ дастовардҳо зиёданд, аммо сифати таълим ва тарзи тайёр кардани кадрҳо  дар муассисаҳои таълимӣ бояд беҳтар карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба тамоми мақомоти дахлдор вобаста ба амалисозии чорабиниҳои мазкур дастур дода, иловатан иброз намуданд: “Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад”.

Ин пешниҳод ва дастури хеле муҳимми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», хеле муҳим буда, як таҳрики бузург барои омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва рушди афкори илмӣ-техникӣ дар Тоҷикистон соҳибистиқлол мегардад.

Воқеан рушди илмҳои риёзиву дақиқ барои ҳар давлату ҷомеа бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё исбот намудааст, ки афкору дониши  пешрафтаи илмӣ-техникӣ ва тарбияи мутахассисони прагматик боиси рушди саноат ва ташаккули ҷомеаи саноатӣ мегардад, ки дар маҷмуъ ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дар ин замина барои таҳкими давлату давлатдорӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар маҷмӯъ дастуру ҳидоятҳои мазкури донишандӯзию маърифатии қишрҳои мухталифи ҷомеа исботи сиёсати маърифпарваронаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар бораи такмили ихтисос ва тайёр кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар сухан ронда, қайд намуданд, ки айни замон дар кишварҳои хориҷи дуру наздик зиёда аз 40 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳайси донишҷӯ, магистрант ва дар зинаҳои аспирантура ва докторантура таҳсил менамоянд.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш доданд, ки ҷиҳати ҳарчӣ бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Бояд қайд кард, ки дар доираи барномаи мазкури таҳияшавандаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030 аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ дар даҳ соли оянда ҳазорҳо ҷавонони болаёқат ба корҳои илмӣ-таҳқикотӣ машғул гардида, натиҷаҳои илмӣ дар истеҳслот ва ташаккули иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи саноатӣ  дар Тоҷикистон азиз  такони бузург хоҳад шуд.

Дар баробари ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастгирӣ ва тақвияти пояҳои моддиву техникӣ, озмоишгоҳӣ ва кадрии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо сухан ронда, таъкид намуданд, ки  “Олимонро зарур аст, ки корҳои илмиву таҳқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, вусъат бахшида, дар рушди иқтисоди миллии кишвар фаъолона саҳм гузоранд”.

Воқеан дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар  200 соли охир дар натиҷаи таҳқикотҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ ва  амалисозии натиҷаҳои илмӣ барои рушди саноат, техникаю технологияи муосири иттиллотию коммуникатсионӣ заминаҳои устувор ба вуҷуд оварданд, ки дар натиҷаи инқилобҳои илмӣ-техникӣ кишварҳои зиёд  ба пешрафтҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардиданд.

Бо назардошти ин, дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеаи Тоҷикистон пешрафту густариши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ бояд  ба рушди ҳаматарафаи истеҳсолоти ватанӣ,  тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва рушди иҷтимою беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ дар ҷавоб ба чунин ғамхорию дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат ҳар як фарди ҷомеа махсусан ҷавонон  бояд бештар ба китобхонию омӯзиши илмҳои муосир махсусан илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ, забонҳои хориҷӣ  камар баста,  донишу малакаи худро такмил дода, ҳамчун фарди комили иҷтимоӣ ташаккул ёфта, барои пешрафти Тоҷикистони азиз ва ҷашни 30-солагии Истиқлоли ватан саҳми муносиби худро гузоранд.

Дар маҷмуъ Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як дастури раҳнамоест, ки  барои таъмини рушди устувори кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ равона гардида, амалисозии нуктаҳои муҳимми он вазифаи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни давлатии сатҳҳои мухталиф ва ҳар як фарди худшиносу худогоҳ ва меҳанпарасти асили кишварамон мебошад.

 

Баҳриддин АЛИЗОДА,

ходими пешбари

илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии

давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

 

Аксҳо

Похожие записи