“МЕХАНИЗМҲО ВА УСУЛҲОИ МУОСИРИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ”

IMG_7386

Таҳти ин унвон 31 марти соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ мизи мудаввари илмӣ доир гардид.

 

Мизи мудавварро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Комилбек Амид Ёрбек ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки масъалаи муқовимат бо экстремизм, терроризм ва ифротгароӣ чун мавзуи мубрами рӯз дар ҷомеа аз тарафи олимон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муҳаққиқон паҳлуҳои гуногуни ин масъаларо рӯшанӣ андохта, роҳу василаҳои баромадан аз ин мушкилоти глобалиро пешниҳод менамоянд. Бо назардошти хатари ин зуҳуроти номатлуб бо истифода аз усулҳои муосир терроризм ва экстремизм бояд пешгирӣ карда шавад. Баргузории конференсияву семинарҳои илмӣ ва суҳбату мизҳои мудаввар дар ин самт басо муфид буда, дар оянда бояд доираи васеи олимону муҳаққиқон ва ҷавонон ба он ҷалб карда шавад.

 

Директори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва ҷаҳонишавӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шамсуллозода Шукрулло дар мавзуи “Хатарҳои замони муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ” баромад намуда, иброз дошт, ки: “Мардуми шарифи Тоҷикистон тўли солҳои ваҳдату истиқлол шаҳди зиндагии шоистаи инсониро бо фазли Парвардигор ва аз баракати сулҳу фаъолияти бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон хеле хуб чашидаву дарк кардаанд ва дар ҳеҷ вазъияту ҳолат тафриқаву ихтилоф ва ноамнию бесуботиро намехоҳанд. Дар ин росто агар ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон назар андозем, маълум мешавад, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст”.

 

Дар идомаи мизи мудаввар мудири кафедраи идоракунии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Меъроҷиддини Насриддин дар мавзуи “Ифротгароии ҷавонон дар Осиёи Марказӣ”, Саидов Нуралӣ, мудири кафедраи захираҳои инсонӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар мавзуи “Хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ”, Рухшона Сафарова, ходими хурди илмии Пажуҳишгоҳ дар мавзуи “Терроризм – зуҳуроти номатлуб”, Музаффарзода Фазлиддин, муаллими калони кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академия дар мавзуи “Таҳдидҳои низоми нави олам ва таъсири он ба осебпазирии ҳаёти сиёсии ҷомеа” ва дигарон сухаронӣ намуданд.

 

Иштирокчиёни миззи мудаввар бо мисолҳои мушаххас мавзуи баррасишавандаро мавриди таҳлил қарор доданд. Тазаккур дода шуд, ки шароити имрӯза инсониятро мувоҷеҳи мушкилоти гушношуниде кардааст. Бавуҷудоии экстремизму терроризм, ҳукмҳои мақсадноки “фарҳангӣ”, омезиши тамаддунхо, аз байн рафтани миллатхо, омилҳои барангехтани кинаву адоват ё низоъҳои миллӣ – нажодӣ ва даҳҳо мушкилоти дигар таъсиргузор ба зиндагии оламиён гардидааст. Дар ин раванд, бо сабабҳои гуногун ва омилҳои печ дар печ, андешаҳои бегонапарастӣ дар тафаккури иддае аз мардумони мо ҷо гирифта, онҳо гирифтори ақида ва идеологияи ботил гардидаанд. Дар ин айёми ҳассос моро зарур аст, такя ба андешаи миллӣ намуда, дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм аз кӯчактарин мавод, то ташкили институтҳои бузурги идеологӣ пурсамар истифода намоем.

 

Пас аз ироаи маърузаҳо аз ҷониби иштирокдорони мизи мудаввар пешниҳодҳои судманд баён гардид.

Похожие записи