МОДАР – ОЛИҲАИ ҲУСН

Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Оре, фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи модарон сарчашма мегирад.

 

Чи тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии Модарро ситоиш намуда гуфтаанд: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳарчи бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.

 

Зан офарандаи нотакрори табиат, асоси саодатмандиву шукуфоӣ, хулоса, нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад. Бонувони мо собит намудаанд, ки ин рисолати пуршарафро бо сари баланд ба иҷро расонида метавонанд.

 

Бешак, васфу сифоти ин олиҳаи латофату садоқат дар китобҳои осмонӣ, аз ҷумла Қуръони Карим бо зикри сураи хос зери унвони «Аннисо» (занҳо) омадааст, ки далолат аз фазилату шаҳомати зан медиҳад.

 

Месазад гуфт, ки тамоми адабиёти олам бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи симои зан ва мавқеи ӯ дар ҷомеа мисолу масалҳои хуберо баён кардаанд, ки дар байни онҳо олимону суханварони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ё Шибҳи қораи Ҳинду Покистон низ мавҷуданд. Қобили зикр аст, ки қораи мазкур пур аз суханварону шоироне мебошад, ки тарвиҷгару таблиғгари забон ва адабиёти мо, мардуми Тоҷикистон буда, тавассути эҷодиёти пурғановати худ тамаддуну маърифати илмии моро боз ҳам ғанитар мегардонанд.

 

Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда, нақши ӯро дар ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.

 

Оре, модар олиҳаи ҳусн ва зебогии олам аст. Ҳар фарди огоҳу соҳибмаърифат бояд зан-модарро ба ҳайси сарчашмаи ҳаёт ва ҳастии башар эҳтиром ва қадр намояд.

 

Ин ҳама бузургиву беназирии Модар аст, ки маҳз дар айёми дӯстиву муҳаббат, фасли нозанини баҳор ва лаҳзаи гуворои он “Рӯзи Модар” таҷлил карда мешавад.

 

Шодоб ХОЛИҚОВ,

ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи идоракунии

давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

Похожие записи