МУБОРИЗАИ СИЁСӢ: МУХОЛИФОНИ СИЁСӢ ВА ЗИЁИЁНИ ҒАЙРИСИЁСӢ

IMG_3345

Дар ҳар навъ аз низоми идоракунӣ муборизаи сиёсӣ вуҷуд дорад. Новобаста аз он, ки режими сиёсӣ демократӣ ё ғайридемократӣ бошад, мухолифон ва мувофиқони худро дорад. Режими сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси демократия шакл гирифтааст, бо ин вуҷуд боз гурӯҳе вуҷуд дорад, ки бо системаи идории давлатдории навини тоҷикон дар муборизаи сиёсӣ қарор гирифтааст. Вале ин муборизаро наметавон муборизаи легалӣ ва осоишта унвон кард. Зеро муборизаи мухолифин бар мабнои таълимоти маккиавелизм шакл гирифтааст.

 

Ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ мушкилтар аз ба даст овардани он аст. Дар зарфи ҳазор соли дур будан аз фармонфармоӣ дубора миллат тавонист давлатдории миллии хешро бунёд сохта, истиқлолияти сиёсӣ ба даст орад. Маълум аст, ки ин арзишоти мавҷуда бе талошу заҳмат ба даст наомадааст. Гурӯҳе ё афроде, ки ҳувияти миллӣ ва ғурури миллӣ доштанд баҳри ба даст овардани ин арзишоти миллӣ дар мубориза қарор гирифтанд, то давлати миллии тоҷиконро бунёд намоянд. Вале гурӯҳи дигаре, ки ҷузъи ин миллат дониста мешаванд бо ин арзишот дар мухолифат қарор гирифтаанд. Ин ба чӣ маъност, ки миллат алайҳи миллат қиём мекунад!? Магар ин аст миллӣ будан ва ё миллат будан!?

 

Мухолифини сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷ алайҳи давлатдории миллӣ дар мубориза қарор гирифтаанд, тариқи ВАО барномаҳои сиёсии хешро ба ҳар навъе паҳн намуда истодаанд. Муборизаи сиёсӣ набояд якҷониба бошад. Равандҳои сиёсии ватанӣ ифодагари он аст, ки мо дар баробари мухолифони сиёсӣ камфаъолтарем. Қишри асосие, ки бояд бо мухолифин дар мухолифат қарор бигирад муҳри хомӯшӣ бар лаб задаанд. Ин қишр қишри зиёии кишвар аст. На ҳамаи зиёиён дар назар аст, вале қисми зиёди зиёиён дар ин мубориза муқобилияте нишон намедиҳанд. Ва он зиёиёне, ки дар муқобили мухолифин қарор гирифтаанд бисёр андаканд. Аз он ҷо, ки қишри зиёӣ ҳамчун элитаи илмӣ эътироф гаштааст, қодиранд, ки ҷомеаро дар масири муайяне ҳидоят намоянд. Бо як мушт “қишри бефарҳанг”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷуз дашному ҳақорат чизи дигареро балад нестанд, наметавон такя намуд. Наметавон дашному ҳақоратгӯиҳои ин қишрро мубориза хонд, зеро ин навъ муносибат имиҷи мувофиқони давлатдории миллиро хоҳад шикаст. Он чизеро, ки миллату давлат интизоранд ин ворид гаштани зиёиён ба муборизаи сиёсӣ аст. Зиёиёнро лозим аст аз “зиёии ғайрисиёсӣ” “зиёии сиёсӣ”-ро шакл диҳанд.

 

Зиёиён (аксарият) боре ин андешаро кардаед он ҷойгоҳеро, ки соҳиб гаштаед, бо шарофати кист? Оё он даъво ва ваъдаҳои содиқ буданро, ки ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додаед, магар фаромӯш намудед? Садоқат ба Сарвари давлат дар хомуш будан нест… Дар ин вазъияти мураккаби сиёсӣ умуми зиёиёнро лозим меояд, ки дар мактабу муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тарғибу ташвиқи мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон вориди муборизаи сиёсӣ гашта, бо мухолифин дар мухолифати ҷиддӣ қарор гиранд. Зиёиён, ҳамчун элитаи илмӣ дар тарғиби сиёсати созандаи Сарвари давлат бояд дар хатти муборизаи сиёсӣ қарор гиранд. Миллату давлат бояд такягоҳи боэътимоди хешро дар раванди муборизаи сиёсӣ дар симои зиёиёни миллат бинад, на дар симои ононе, ки на аз сиёсат чизеро мефаҳманд ва на аз маданияту фарҳанг. Зиёиён, содиқ будан ба Сарвари давлат ва содиқ будан ба миллатро на бо хомушӣ, балки бо ворид гаштан ба муборизаи сиёсӣ исбот намоянд.

 

Фазои сиёсии ҷомеаи ватанӣ пур аз холигиҳост. Ин холигиҳоро бояд бо ҳувияти миллӣ, ғурури миллӣ ва садоқат ба Ватан ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комил намоем. Дар ин раванд нақши амалиро зиёиёни кишвар бояд иҷро намоянд. Он чизе, ки лозими миллат аст, ҳифзи Ватан ва маттаҳид будан дар атрофи Сарвари давлат мебошад. Муттаҳид будан канори Сарвари давлат худ мубориза аст. Дар ин мубориза бояд умуми миллат иштирок варзад. Ин як хитобест ба миллат ва зиёиёни миллат.

 

Муқим УМАРОВ,

корманди Академия

 

Похожие записи