МУЛОҚОТЕ, КИ ҶАВОНОНРО НЕРУИ НАВ БАХШИД

Пайрав исоев

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ҷавонон аз самтҳои афзалиятнок ва асосӣ ҳисобида мешавад. Вохӯрии Пешвои миллат дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ин нуктаро боз ҳам возеҳу равшан намуд, ки Сарвари давлат ба ҷавонон ва ояндаи онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Президентии хеш ба ин қишри ояндасоз такя намуда буданд. Ин нуктаро дар суханронии хеш Роҳбари давлат зимни вохӯрӣ бо ҷавонон чунин шаҳр доданд: “Ҳанӯз 17-уми марти соли 1994 мулоқоти нахустини ман бо ҷавонон ба ҳайси Сарвари давлат ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон доир гардида буд. Хомӯш кардани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, сарҷамъу муттаҳид сохтани ҷавонон дар он давраи бисёр сахту сангин ва ба фаъолияти созанда сафарбар намудани онҳо масъалаву вазифаҳои асосии мулоқоти мо буданд. Умуман бояд гуфт, ки кор бо ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд. Яъне ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо барои ҷавонони кишвар таҳти таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд. Зеро мо хуб дарк мекардем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад”.

 

Воқеан ҳам, ҷавонон ба таваҷҷуҳ, ғамхорию дастгирӣ ва ҳимояи Ҳукумати кишвар барои сохтани фардои дурахшони миллат, эъмори давлатдории миллӣ ва таҳкими неруи давлати тоҷикон бояд фаро гирифта мешуданд. Ҳамин буд, ки соли 1997 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, ҳамасола таҷлили 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардид. Ин ташаббус собит намуд, ки давлату Ҳукумат, ба хусус Сарвари ҷавони он ба ин қишр таваҷҷуҳ доранду хоҳанд дошт.

 

Президенти кишвар дар баромади худ “ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишвар ва ояндаи халқ” эълон намуда, қайд карданд, ки “дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”. Ба андешаи мо ин суханон, ки бо эътимоду эътиқод ва боварии комил нисбат ба ҷавонон садо дод, дар ниҳоди ҳар як ҷавони худогоҳ баҳри иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ватандӯсту худшинос будан, таҳкими ҳувияти миллӣ ва тақвияти фаъолият дар эъмори давлатдории миллӣ дар ҷомеа масъулияти дучандро бедор намуда, барои дар амал татбиқ кардани сиёсати оқилонаю дурандешонаи Пешвои ҷавонпарвари миллат ангезаю таҳрики дучанд бахшид.

 

Дигар нуқтаи муҳиме, ки дар мулоқот махсус зикр гардид, дар зарфи 30-соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ташкил намудани Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-1998), Стипендияи Президенти Тоҷикистон (1998), Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (1998), Стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ” эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 (2020), ҷоизаи махсуси давлатӣ аз фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ (2020), озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” (2021) ва аз ҳама муҳим озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (2019) исботи гуфтаҳои болост.

 

Дар маҷмӯъ, мулоқоти навини Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба ҷавонони кишвар неруи тоза бахшида, онҳоро ба музаффариятҳои нав раҳнамун хоҳад сохт.

 

Дар ҷавоб ба ғамхориҳои рӯзафзуни Президенти кишвар мо, ҷавонони кишвар, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор хоҳем дод.

 

Мо, ҷавонон ҳамеша пайравони асили Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ҳастем ва хоҳем монд.

 

Пайрав ИСОЕВ,

сармутахассиси раёсати кадрҳо ва

корҳои махсуси Академия

Похожие записи