НАВСОЗИИ МАЗМУНУ МУНДАРИҶАИ ТАҲСИЛОТ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Аълобону

Дар замони Истиқлоли давлатӣ соҳаи маорифи кишвар самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, дар 30 сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

 

Асосгузор сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ рӯ ба ислоҳоти соҳаи маориф ниҳоданд ва тавассути рушди маориф давлати мо ба пешрафти ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, комёб гардид. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи тайёр кардани кадрҳои ҷавобгӯ ба сатҳи ҷаҳонӣ ба рушди иқтисодиёт, азхудкунии технологияҳои нав, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ноил гардид. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин марҳила дар рушди устувори соҳаи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён ва дар маҷмуъ ба сатҳи саводнокии миллат таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуд.

 

Гузашта аз ин, дар замони соҳибистиқлолии кишвар таъмини рушди босуръати илму техника ва технология, зуҳури самтҳои нави илм ва таҳаввулоти ҷиддии илмиву техникӣ ба маротиб афзуда, гузариши илму маориф ба технологияи нави иттилотию коммуникатсионӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ пазируфта шуд.

 

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикситон дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.

 

Воқеан, ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла дар “Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон то соли 2020” (ҚҶҲТ аз 30.06.,№ 334), ки ҳанӯз соли 2012 ба тасвиб расида буд ва ба ислоҳоти соҳаи маориф баҳри таъмини хизматрасонии амалию самарабахши маориф ва дастрас гардонидани таҳсилоти босифат ба донишомӯзон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот нигаронида шудаааст, дар он аз ҷумла дар самти таҳия ва воридсозии тағйироту иловаҳо ба мазмуну мундариҷаи таҳсилот инъикос гардидаанд.

 

 

Дар Стратегияи мазкур омадааст: “Мазмуни таълим дар мактаби ибтидоӣ (синфҳои 1-5), мактаби асосӣ (синфҳои 6-9) ва мактаби миёна (синфҳои 10-11) бояд куллан тағйир ёбад. Инро мутобиқ набудани мазмуни таҳсилоти анъанавии “академӣ” ба талаботи замон ва вазифаҳои касбомӯзии аҳолӣ дар шароити саноатикунонии иқтисодиёт тақозо менамояд”. Ҷиҳати иҷрои талаботҳои ин ҳуҷҷати муҳими ояндабинии соҳаи маорифи кишвар корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд:

1. Дар самти муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ (синфҳои 1-4):

– дар ҳамкорӣ бо муаллифони стандарт, барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, коршиносон, кормандони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, омӯзгорони эҷодкор ва шарикони рушд мундариҷаи стандартҳои фаннӣ, модулҳои таълимӣ, раҳнамо барои омӯзгорон ва замимаҳо ба баъзе китобҳои дарсии ба ташаккули салоҳият нигаронидашуда барои омӯзгорон ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар солҳои таҳсили 2015-2016 таҷдиди назар ва таҳия гардида, дастраси омӯзгорон гардиданд, аз ҷумла;

– дар 55 муассисаҳои таълимии ибтидоии озмоишӣ (пилотӣ) корҳои таҳқиқотӣ дар муддати кӯтоҳ аз як соли хониш (2015) оид ба самараи татбиқи мундариҷаи таҳсилот (стандарти таҳсилот,барномаҳои таълимӣ ва баъзе китобҳои дарсӣ) мушоҳида ва мавриди таҳлил қарор дода шуд;

– омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоии кишвар тибқи нақшаи гузариш аз курсҳои такмили ихтисоси (5-6 рӯза) Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он дар минтақаҳо гузаронида шуданд;

– натиҷаи татбиқи мундариҷаи стандарт, барномаҳои таълимӣ ба рушди салоҳият нигаронидашуда ва арзёбии вазъи амалисозии онҳо дар муқоиса бо усули анъанавии таълим аз ҷониби омӯзгорони ин синфҳо ва шахсони ба амалисозии лоиҳаҳо вобасташуда ҷамъбаст ва хулосабарорӣ карда шуд.

2. Дар самти муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11):

– бо ҷалби муаллифони стандарт, барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, коршиносон, кормандони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дигар зерсохторҳои вазорати маориф ва илми кишвар, омӯзгорони эҷодкор дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мундариҷаи стандартҳои фаннӣ, модулҳои таълим, раҳнамоҳо барои омӯзгорон таҷдиди назар ё аз нав коркард карда шуданд;

– дар солҳои 2016 мундариҷаи стандарт, барномаҳои таълим аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика барои хонандагони синфҳои 5-6 мавриди омӯзиш қарор дода шуданд. Дар 24 муасисаҳои таълимии озмоишӣ (пилотӣ) аз ҷониби масъулини таҳқиқ ва шарикони рушд самараи татбиқи мундариҷаи таҳсилот мавриди таҳлил қарор гирифт;

– омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар тибқи нақша гузариш аз курсҳои такмили ихтисоси Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳо тамоми омӯзгорони фанҳои мавҷудаи синфҳои 5-11-ро аз курсҳои такмили ихтисос гузарониданд.

 

Ҳамзамон, навсозии мундариҷаи таҳсилот дар шароити гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим аз соли таҳсили 2015-16 (стандарт ва барномаҳои фаннӣ) оғоз гардида, давра ба давра то соли хониши 2020-2021 ба анҷом расонида шуд ва бо ҳамин марҳилаи аввали он (гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим аз тамоми фанҳои таълимӣ) ба охир расид ва хонандагон аз рӯи мундариҷаи таҳсилот дар тамоми зинаҳои таҳсилот таҳсил менамоянд.

 

Бояд зикр кард, ки дастурҳои навини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он ҷиҳат афзалиятнок дониста мешаванд, ки онҳо дар натиҷаи заҳматҳои зиёди омӯзиш, мушоҳида, таҳлил, хулосаҳои асосноки илмии вазъи соҳаи маорифи муосири кишвар ва таҳлилҳои дақиқи рушди маорифи ҷаҳони муосир пайдо гардидаанд. Барои мисол, ёдовар мешавем аз хулосаҳои асосноки зарурати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва равона сохтани он ба қонеъ гардонидани ниёзу дархости хонанда ва ҷомеа, ки тавассути таҷдиди назар намудани мундариҷаи таҳсилот (стандарт, нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсии насли нав) ва мувофиқ намудани онҳо ба таъмини ташаккули ҳувияти миллӣ, арзишҳои давлатдории миллӣ, истифодаи технологияи муосири таълим, таъмини ҳамгироии таҳсилот бо илм дар шароити рушди бозори меҳнати рақобатнок ва ислоҳоти соҳа, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон зимни ифтитоҳи Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш (01.09.2021) баён гардидаанд: “Навсозии мазмуну мундариҷаи таҳсилот яке аз омилҳои асосии беҳтар гардонидани вазъи таълиму тарбия ба шумор меравад, ки тавассути стандартҳои давлатӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ роҳандозӣ карда мешавад. Яъне ба мазмуну мундариҷаи таҳсилот – стандарт, барномаву нақшаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бояд тағйирот ворид карда шуда, ташаккули ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони истиқлол ва арзишҳои давлатдории миллӣ ҳамчун масъалаи муҳимми таълиму тарбия дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад”.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш соҳаи маорифро соҳаи тақдирсози ҷомеа номида, дар ислоҳоти он саҳми арзанда мегузорад ва мо аҳли маорифро зарур аст, ки содиқона дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷаҳду талош намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон саҳми назарраси хешро гузорем. Зерро рушди соҳаи маориф ва тайёр кардани кадрҳо барои идоракунии давлатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат нақши калидӣ дорад.

 

 

Аълобону АҲМАДБЕКОВА,

номзади илмҳои педагогӣ,

ходими илмии Пажуҳишгоҳи

идоракунии давлатӣ ва хизмати

давлатии Академия

Похожие записи