НАҚШИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ ДАР РУШДИ ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР

4 (12)

Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи фалсафа ва фанҳои гуманитарии факултети дипломатия ва сиёсат конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши илмҳои гуманитарӣ дар рушди илм ва маорифи кишвар» баргузор гардид. Дар кори конференсия донишмандону муҳаққиқони соҳа аз пажӯҳишгоҳҳо ва макотиби олии кишвар ширкат варзиданд.

 

Ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур бори дигар инъикос намудани нақши улуми гуманитарӣ дар рушди илм ва маорифи мамлакат дар роҳи эъмори ҷомеаи демократии соҳибихтиёри Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, вазъи илм ва маориф дар ибтидои солҳои 90- уми асри ХХ, пайомадҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба илм ва маорифи мамлакат, саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи мазкур ва умуман дастовардҳои илмҳои гуманитарӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва амсоли он ба ҳисоб меравад.

 

Дар бахши пленарии конференсия олимону муҳаққиқон дар мавзуъҳои “Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ”, “Аҳамияти омӯзиши фалсафа ва масоили мубрами он”, “Ҷойгоҳи “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров даррушди таърихнигории ватанӣ”, “Рушди бостоншиносии ватанӣ дар давраи истиқлолият”, “Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаи маориф”, “Рушди қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият” маърӯзаҳо ироа карданд.

 

Ба конференсия зиёда аз 30 мақолаи илмӣ роҷеъ ба мавзӯъҳои мавриди назар ворид гардидааст, ки дар шакли маҷмӯаи маводи конференсия ба нашр хоҳанд расид.

Аксҳо

Похожие записи