НАҚШИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ТАШАККУЛИ ҲАЁТИ МАЪНАВИИ ҶАВОНОН

ҷавонон 2

Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, аммо бойгарии асосии он фарзандони бонангу номусаш мебошад. Эмомалӣ Раҳмон

 

Асри XXI барои инсоният асри ҷаҳонишавӣ ва пешрафти техникаи иттилоотӣ, асри дастовардҳои бузурги технологию кашфиётҳои беназири илму фарҳанг, асри кору пайкори фикрӣ ва созандагию бунёдкорист. Давлати соҳибистиқлоли мо низ дар қатори давлатҳои пешрафта барои расидан ба ин ҳадафҳо қадамҳои устувор гузошта истодааст.

 

Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон моҳияти истиқлоли давлати худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром дошта бошанд. Маҳз дар ҳамин сурат мо аз амнияти давлату миллат ва рушду ободии Ватани азизи худ дар оянда хотирҷамъ буда метавонем. Мо дар дурнамои сиёсати давлатдории хеш беҳтарин арзишҳои тамаддуни башариро пазируфта, парастиши ноогоҳона ва тақлидкоронаи фарҳанги барои миллати мо бегона, зӯроварӣ, хусусан унсурҳои ноҷои паст задани шарафи инсон, коҳидани ахлоқи ҳамидаву ҷаҳони поки маънавии ҷавононро қабул надорем.

 

Дар баробари ин арзишҳои инсондӯстонаи миллию фарҳангии мо аз қабили дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми падару модар ва калонсолон, заҳматписандию накӯкорӣ, пуштибонӣ аз инсофу адолат, дастгирии ятимону муҳтоҷон, канораҷӯӣ аз ҳирсу ҳасад, кибру ғурур, кинаю адоват, хиёнат ва аҳдшиканӣ табиатан ба ғояҳои умумибашарӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ ҳамоҳанг буда, ҳазорон чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг ва фарзандони фарзонаи миллатро ба камол расондаанд. Имрӯз моро зарур аст дар тафаккури ҷавонон ин арзишҳои инсондӯстонаи миллию фарҳангии ба менталитети мо хосбударо ҷой диҳем.

 

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи моро дар оянда муайян сохт. Худшиносии миллӣ, дарки ватандорӣ, ҳаллу фасли мустақилонаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ аз муҳимтарин рукнҳову суннатҳои даврони истиқлолият аст. Имрӯз ҳар нафар аз насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки шукуфоии давлату ҷомеа аз рафтору кирдори ӯ вобаста аст.

 

Дар шароити имрӯз таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва талошу кӯшиши онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инкишофи кишвар маҳсуб мегардад. Ташаккулу боло бурдани маърифати сиёсӣ ҷавонони моро водор месозад, ки ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва тамоми кишварҳову минтақаҳои мухталифи олам ба вуқӯъ меоянд, баҳои воқеъона дода, мавқеи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани муҳит ва шароити мусоид барои рушду камоли ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳанӯз аз солҳои нахустини истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардида буд. Инчунин барои татбиқи самарабахши сиёсати давлатии ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон, ки мақоми идоракунандаи давлатӣ аст, таъсис дода шуд.

 

Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои соҳибкасб ва соҳибмаърифат гардидани ҷавонон ҷавобгӯ бо талаботи илми ҷаҳонӣ, Ҳукумати кишвар як қатор муассисаҳоро муваззаф гардиданд, ки ба ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии оилаҳои ҷавон аз тарафи вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, кор бо занон ва оила, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида,  барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон мусоидат намуда истодаанд.

 

Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил медиҳад.

 

Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархӯрдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлат фаъолият намудан ҳидоят созанд.

 

Дар марҳилаи татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон собит сохт, ки дар ин самт усулҳои нави кор бо насли ҷавон ва тадбирҳои самарабахш таҳия гардида, амалӣ шуда истодаанд. Таҳияи чунин барномаҳои давлатӣ боиси он мегардад, ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан гирифта, онҳо аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёдамон бархӯрдор мегарданд.

 

Шоира МИРЗОЕВА,

муаллимаи калони кафедраи психология ва

сотсиологияи идоракунии Академия

Похожие записи