НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

Ҷасур фото

Дар ҳар давру замон ва дар ҳар давлату миллат хамон вақт сиёсат таҳаввул меёбад, ки сарвари он давлат нисбат ба он сиёсат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда бошад. Боиси хушнудиву сарфарозист, ки бо баробари ба сари Ҳукумат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда истодааст. Дар суханронӣ ва паёмҳои худ Пешвои миллат роҷеъ ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногун изҳори назар карда, борҳо ба насли ҷавон боварӣ ва эътимод зоҳир намудаанд.

 

Тавре Пешвои миллат зикр намуданд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар – Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

 

Ин гуфтаҳои Сарвари давлат ифодагари онанд, ки мавсуф дар ҳар маврид барои дастгирӣ ва интихобу муаррифии ҷавонон ва бахусус, ҷавонони болаёқат кӯшиш намуда, такрор ба такрор ин нуктаро ёдрас намудаанд. Президенти кишвар хуб дарк кардаанд, ки асоси пешрафту густариши соҳаҳои гуногуни кишвар маҳз ба нерӯи ҷавонон вобастагӣ доранд. Дар иқтибоси боло таъкид гардидааст, ки ҷавононро дар ҳар  ҳолат ва дар ҳар вазъият чунон дастгирӣ ва кӯмак намоем, ки ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ бошанд. Шароити комилан мусоид барои ҷавонон ва фароҳам овардани муҳити фаъолият маҳз дар гуфтаҳои Сарвари  давлат батакрор зикр шудааст, ки ин баёнгари  сиёсати устувор ва оянданигар дар рушди давлат ва давлатдорӣ аст. Дар суханрониҳои Президенти мамлакат натанҳо ба нерӯи созандаи ҷавонон умед баста шудааст, балки бамаврид таъкид шудааст, ки ҷавонони мо аз ҳар гуна пешрафтҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд ва сари вақт муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоиро, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рух медиҳанд, огоҳона дарк намоянд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дигар чунин таъкид менамоянд: “Бояд пеш аз ҳама ҷавонони мо мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намоянд. Зеро инҳо мафҳумҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавон дер ё зуд барои фаҳмидани мазмуни аслии онҳо мекӯшанд. Воқеан донистани ин масъалаҳои тақдирсоз, барои ҷавонон хеле муҳим аст, зеро онҳо, масъулияти бунёди ҷомеаи навинро бар дӯш мегиранд, мақсаду ҳадафҳо ва роҳи пешгирифтаи моро идома медиҳанд.”

 

Ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бо назардошти ин, ояндаи наслҳои нав бояд ба таври ногусастанӣ ба вазифаҳои ҳифз, рушд ва эҳёи кишвар алоқаманд шаванд.

 

Дар вохӯрии дигаре, ки бо ҷавонон сурат гирифта буд, Сарвари давлат чанд нуқтаи муҳимро таъкид намуданд. Чунончи: «Шумо-ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошед”.

 

Ин нукта воқеан таъкиди он аст, ки Роҳбари давлат маҳз ба ҷавононе  муроҷиат мекунад ва он ҷавононеро соҳиби давлату миллат ва офарандаву созандаи фарҳанги миллӣ медонад, ки онҳо пеш аз ҳама бонангу номус ва боиродаву устуворанд. Илова бар ин, дар вохӯриҳои Роҳбари давлат аз назари дигар ишорае ҳаст, ки ҷавононро маҳз ба ҳамин хислатҳои мардонагию ҷавонмардиву ватандорӣ ҳидоят менамояд. Дар мавриди дигар ишора менамояд, ки «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд”.

 

Маълум мешавад, ки андешаҳои  Президенти  кишвар дар мавриди нақши муассир доштани неруи ҷавонон дар муҳити сиёсӣ ва дигаргуншавиҳои иҷтимоиву  фарҳангӣ, ҳамчунин густариши соҳаҳои гуногуни ҷомеа такя ба меъёрҳои устувори сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад. Метавон мисолҳои зиёдеро ин ҷо овард, ки бевосита таваҷҷуҳ ва эътимоди шахсии Президенти кишварро нисбат ба насли ҷавон ифода менамояд. Бояд гуфт, ки маҳз ҳамин эътибори Пешвои миллат сабаб гардид, ки аҳли  Ҳукумати Тоҷикистон низ дар ин самт пайрави сиёсати пешгирифтаи Президент мебошанд.

 

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бозгӯи таҳким бахшидан ба сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, ки баъдтар ин гуна тасмимҳои барои ҷавонон ҳаётан муҳим аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаву сохторҳои дигари давлатӣ пайгирӣ гардиданд. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии  ҷавонони соҳибистеъдод, бахусус, олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар ҷумҳурӣ, таъсиси ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат ва меъморӣ сурат гирифт, ки идомаи ташаббусҳои давлат дар сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

 

Боварӣ ва ифтихори Пешвои миллат аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонӣ ва одобу ахлоқи насли замони истиқлол бори дигар мо, ҷавононро водор месозад, ки  далерона ба сӯи фардои дурахшони Ватан ҳамчун неруи пешбарандаи сиёсати Пешвои миллат устувор бошем.

 

ҶАСУР МУҲАММАДЗОДА,

ходими хурди илмӣ-мутахассиси пешбари

Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ

ва хизмати давлатии Академия

Похожие записи