НАҚШИ СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ ДАР ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВӢ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи идоракунии молияи давлатӣ бо иштироки доираи васеи донишҷӯёну магистрантон инчунин, устодони кафедра семинари илмию назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) дар идоракунии молиявии субъектҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинар доир гардид.

Дар он Раёсати Академия, олимони соҳаи иқтисодӣ -профессорон Мирсаидов А., Ашуров И. С. ва Набиев Т.Т. ширкат доштанд.

Семинар бо сухани ифтитоҳии декани факултети идоракунии давлатӣ н.и.ҳ., дотсент Соибов З.М. оғоз ёфта, мавсуф зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои иқтисодиро бештар дар бар гирифта, мавзӯи интихобгардида дар ҳошияи Паёми навбатии Роҳбари давлат роҳандозӣ гардидааст ва иқдоми пешгирифтаи кафедра боиси дастгирист.

Ба диққати ҳозирин аз ҷониби мудири кафедра н.и.и., дотсент Досиев М.Н. дар мавзӯи “Нақши Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) дар идоракунии молиявии субъектҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаи муфассал пешниҳод гардид, ки шунавандагони семинарро бо моҳияти СБҲМ шинос намуда, байни онҳо мубоҳисаро ба амал овард.

Дар идомаи семинар д.и.и., профессор Набиев Т.Т. дар мавзӯи “Пременение МСФО, как инструмент привлечения иностранных инвестиций” баромад карда, ҳозиринро оид ба нақши СБҲМ дар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ошно намуд.

Иштирокдорон дар фарҷоми семинар вобаста ба баргузории он ибрози ақида карданд.

 

Похожие записи